Пайдо шудани “Камондуҳои исломӣ” дар вилоятҳои ҳаммарзи Тоҷикистон
Расонаҳои Афғонистон аз пайдо шудани гуруҳи ҷадиде бо номи “Камондуҳои исломӣ” хабар медиҳанд.
Муҳаммадалӣ Аҳмадӣ, муовини аввали волии вилояти Ғазнӣ ба расонаҳо гуфтааст, чанд рӯз шуда, ки гуруҳе дар ин вилоят оғоз ба фаъолият кардаву шуморе аз онҳо ба вилоятҳои шимолӣ, монанди Бадахшон, Қундуз ва Форёб рафтаанд ва бо неруҳои амниятӣ дар набарданд.
Ба гуфтаи Муҳаммадалӣ ин гуруҳ дар вилоятҳои ҷанубии Зобул, Қандаҳор ва Урузгон низ ба тозагӣ фаъолияташонро оғоз кардаанд. Масъулин дар вилояти Зобул низ таъйид кардаанд, ки гуруҳи “Камондуҳои исломӣ” аз як ҳафта ба ин тараф дар ин вилоят оғоз ба фаъолият кардааст.
Атоҷон Ҳақбаён, раиси Шӯрои вилоятии вилояти Зобул гуфтааст, ки панҷ рӯз пеш иттилоъ ба даст овардаанд, ки гуруҳи “Камондуҳои исломӣ” эъломи мавҷудият карда, гуфтаанд, ба ДИИШ иртибот доранд ва саргарми сарбозгирӣ ҳастанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |