Раисиҷумҳур барои мудирияти бад вазири энергетикаро сабукдуш кардааст
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳури Туркманистон вазири барқи ин кишварро аз симматаш барканор кардааст.
Ба иттилои расонаҳои туркманӣ, Бердимуҳаммадов зимни маҷлиси шӯрои вазирон Г. Сариев, вазири энергетикаро бо далели мудирияти бад ва қатъ шудани барқ аз мақом сабукдӯш кардааст. “Шумо бештар аз 1 сол дар ин симмат кор мекунед. Дар ин муддат 3 маротиба огоҳӣ гирифтед, вале кайфияти кори шумо баланд нашуд ва нақшаҳои сармоягузорӣ ҳам амалӣ нашуданд”,-гуфтааст Бердимуҳаммадов.
Ба гуфтаи раиси ҷумҳур, ҳангоми санҷиши кори вазорати энергетика қонуншиканиҳои зиёде ифшо шудаанд. Ба ин тартиб раиси ҷумҳури Туркманистон Сариевро аз ин мансаб сабукдӯш карда, ба ҷои ӯ Д.Раҷабовро таъин кардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |