Бахшҳо
24 авг 2015 17:18Тоҷикистон / CV / Сиёсат

Дар пушти миллиардери эронии "дӯст"-и мансабдорони тоҷик кӣ меистад?

Намояндагони Маҷлиси Эрон бо навиштани номае бори дигар аз мақомоти додгоҳии кишварашон иҷозаи мулоқот бо Бобак Занҷонӣ, миллиардери боздошта дар Теҳронро хостор шудаанд.

Амир Аббос Султонӣ, узви Кумитаи тафтишот ва таҳқиқи қарзҳои Занҷонӣ дар суҳбат бо расонаҳо гуфтааст, ин нома ҳоло ба мақомоти олии додгоҳии Эрон ирсол шуда, мунтазири посуханд. Ба гуфтаи ӯ, онҳо талош доранд, чаҳор вакили Маҷлиси Эрон бо ин миллиардери боздоштшуда ҳатто дар зиндон ҳам бошад мулоқот кунанд.

Ин бори дуюм аст вакилони Маҷлиси Эрон барои дарёфти иҷозаи мулоқот бо Занҷонӣ ба мақомоти додгоҳии кишварашон нома менависанд. Султонӣ дар посух ба суоли хабарнигорон, ки зарурати номаи дуюм барои дарёфти иҷозаи мулоқот бо Занҷонӣ ба мақомоти олии додгоҳии Эрон чист. Дар ҳоле ки ба номаи аввалӣ посух нагирифтаанд, гуфтааст: “Пайгириҳо дар робита ба дидори 4 вакили Маҷлис бо Занҷонӣ ҳамчунон идома дорад ва қувваи қазоии Эрон набояд дархости вакилонро бепосух гузорад. То вакилон ба дархости худ посух нагиранд, мо аз номанависӣ даст нахоҳем кашид”.

Расонаҳи эронӣ такя ба суханони Аббос Султонӣ ҳадаф аз ин мулоқоти намояндагони маҷлиси кишвари хеш бо Занҷониро гирифтани посух ба чанд пурсиши фаннию марбут ба нафт арзёбӣ мекунанд.

Ин номаи дуюми вакилони Маҷлиси Эрон дар ҳолест, ки ҷаноби Султонӣ аз пуштибонӣ ёфтани ин миллиардери боздоштшуда аз сӯи як “мофиёи қудратманд” хабар дода буд. Ӯ гуфт, “Занҷонӣ дар ин парванда танҳо набудаву як мофиёи қудратманд пушти сари ӯст, ки дар раванди расидагӣ ба парванда монеа эҷод мекунад. Мақомоти додгоҳии Эрон хостанд, то мо дар бораи ин парванда ҳангоми суҳбат бо расонаҳо бисёр лаб боз накунем. Дар ҳоле ки суҳбат кардан дар ин бора тибқи Қонуни асосӣ вазифа ва ҳаққи мо ҳамчун намояндаи Маҷлис аст”.

Султонӣ дороии ин миллиардери боздоштшудаи эрониро 5 миллаирд доллар арзёбӣ карда, афзуда буд: “Ҳадс мезанем, ки Занҷонӣ аз боздошт шуданаш хабардор будаву ҳисобҳояшро холӣ кардааст. Чун бештари амволи нақди ӯ аз Эрон хориҷанд”.

Бобак Занҷонӣ, ки аз ӯ “дӯст”-и бархе аз мақомдорони тоҷик низ ном бурда мешавад, 30 декабри соли 2013 дар Эрон боздошт ва баъдан ба зиндони Эвини ин кишвар интиқол ёфт. Мақомоти Эрон эълон карданд, Занҷонӣ барои "гум шудан"-и 2 миллиарду 60 миллион евро пули марбут ба Вазорати нафт, ки шахси воқеӣ набояд онро дар ҳисоби худ дошта бошад ва аз он барои сармоягузорӣ истифода кунад, муттаҳам мешавад.

Миллиардери эронӣ он замон гуфт, ин миқдор маблағро тавассути Бонки миллли Тоҷикистон ба кишвараш интиқол дода, санад ҳам дорад. Аммо вакилони парлумони Эрон ин санадро ҷаълӣ ё қалбакӣ хонда буданд ва Абдуҷаббор Ширинов, раиси Бонки Миллии Тоҷикистон низ интиқоли 2 миллиарду 60 миллион евро пули нафти Эрон аз Душанбе ба Теҳронро дурӯғ хонда, гуфт, санаде, ки дар мавриди интиқоли маблағ аз ҷониби Бобак Занҷонӣ ба Эрон пешниҳод шудааст, дастрас намудаанд ва ин санад қалбакист.

Аммо Амир Аббос Султонӣ, узви Кумитаи тафтишот ва таҳқиқи қарзҳои Бобак Занҷонӣ ҳафтаи пеш ин баҳсро дубора зинда карда, дар суҳбат бо хабаргузории “НомаНюз” гуфт, барои гирифтани санади қалбакӣ ба масъули воломақоми Бонки миллии Тоҷикистон се миллион доллар ришва додаст ва ба гуфтаи ӯ, Занҷонӣ ин маблағро ба ноиби раиси Бонки миллии Тоҷикистон дода, аммо мушаххасан аз порагир ном набурд ва Бонки миллии Тоҷикистон низ дубора бо пахши як изҳорот ин иддаи мақомоти тафтишотии Эронро беасос хонданд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)