ВКД: Чор ҷавон бе асос як сокини Душанберо корд задаанд
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти чор ҷавоне дар шаҳри Душанбе хабар дод, ки дар халалдор кардани тартиботи ҷамъиятӣ муттаҳам мешаванд.
Торнамои расмии ин ниҳод менависад, рӯзи 22 август тахминан соати 11:30 дар гулбоғи бо номи “Абулқосим Фирдавсӣ”-и шаҳри Душанбе ҷавони 24-сола, ки қаблан бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон судшудааст, ҳамроҳ бо се нафари дигар -- ҷавонони 30 ва 22-сола ва ноболиғи 16-сола, “тартиботи ҷаъмиятиро вайрон намуда, ҷавони 25-солаи сокини шаҳри Душанберо бе ягон асос лату кӯб намуда, бо корди дар дасташон буда, ба қафаси синааш 1 маротиба зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд”.
Манбаъ меафзояд, ҷабрдида зарари ҷисмонӣ бардоштааст: “Нисбати гумонбаршудагон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти ҳодисаи мазкур идома дорад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |