Хабари боздошти 17 сокини Норак бо иттиҳоми “мағзшӯӣ”
Ҳабдаҳ сокини шаҳри Нораки вилояти Хатлон бо иттиҳоми тарғиб ва ҷалби ҷавонони тоҷик ба сафи гуруҳҳои ифротию террористӣ аз сӯи маъмурини пулис боздошт шудаанд. Дар бораи ин боздоштҳо Саидакбар Яъқубов, муовини раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон хабар дод.
Ӯ рӯзи 21 август қабл аз намози ҷумъа гуфт, ҳоло ин сокинони шаҳри Норак дар боздоштгоҳ қарор дошта, бозпурсии онҳо ва тафтишоти пешакӣ аз сӯи кормандони Вазорати умури дохилии Тоҷикистон идома дорад. Аммо оқои Яъқубов дар бораи шахсият ва замони боздошти ин афрод чизе нагуфт.
Ба гуфтаи муовини раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, гӯиё ин афрод ҷавонони тоҷикро “мағшӯӣ” карда, ба сафи гуруҳҳои террористӣ сафарбар мекардаанд.
Хабари боздошти сокинони Норак бо иттиҳоми ҷалби ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ дар ҳолест, ки тибқи иттилои расмӣ ҳоло дар сафи ҷангҷӯёни созмонҳои террористӣ дар Ироқу Сурия беш аз 500 шаҳрванди Тоҷикистон ҳузур дошта, то ҳол хабари марги зиёда аз 100 тани онҳо ба пайвандонашон расидааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |