Бахшҳо

Вокуниши хонандаҳо ба талаби қотеи Убайдуллоев: Аввал худатон ҷома пӯшед!

Талаби қотеонаи Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе барои муборизаи беамон алайҳи тарғиб ва пӯшиши либосҳои ғайримиллӣ дар пойтахти Тоҷикистон бо вокуниши корбарони “Озодагон” рӯбарӯ шуд.

Бархе аз хонандаҳои хабаргузорӣ гуфтаанд, ҳарчанд ҷонибдори ин иқдоманд, вале дар ҳоле ки сокинони пойтахти Тоҷикистон даҳҳо мушкили ҳалношуда доранд, ҳарф задани Убайдуллоев дар бораи тарзи либоспӯшӣ ғайримантиқӣ аст. “Ш.Душанбе”, яке аз корбарони “Озодагон” аз раҳбарияти пойтахти Тоҷикистон даъват кардааст, масъалаи сару либосро дар ҳоли ҳозир канор гузошта, дунболи ҳалли мушкили бекории ҷавонон шаваду роҳҳои берун рафтан аз буҳрони молии кунуниро ҷустуҷӯ кунад. “Доим як масаъларо мебинед. Ҳоло дар пеш зимистон асту соли хонишу ҷашни истиқлолият дорем. Масълаи бекории ҷавононро низ бояд дид. Доим масаълаи сатр ё риш, ин мавзӯъҳо куҳна шудаанд. Мо бояд фикр кунем, ки аз буҳрони молӣ бароем. 80%-и сокинон аз бонкҳо қарздоранду мардум худ руҳан вайрон шудаанд. Ин масълаҳоро бояд дид!”,- навиштааст ин корбар.

Корбари дигаре бо номи “Саидҷон” аз раҳбарияти пойтахти Тоҷикистон суол кардааст, ки магар сокинони минтақаи таҳти раҳбарии ӯ мушкили дигаре надоранд: “Муҳтарам, ҷаноби шаҳрдор, оё дигар камбудҳо ҳал шуданд?”

Ин баҳсу гуфтумонҳо дар ҳолест, ки Маҳмадсаид Убайдуллоев ахиран бори дигар ба масъалаи пӯшиши либосҳои ғайримиллии занон дахл карда, барои мубориза бо ин раванд дастури қотеъ дод. Ӯ дар ҷаласаи васеи кории худ рӯзи 19 август бо иштироки намояндагони тамоми қишрҳои иҷтимоии шаҳр, вакилони Маҷлиси намояндагон ва узви Маҷлиси миллӣ аз шаҳри Душанбе, вакилони Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, мақомоти марбутаи ҳуфзи ҳуқуқ ва худфаъолияти ҷамъиятии шаҳр, пажуҳишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотӣ, институтҳои шаҳрвандӣ, роҳбарони марказҳои савдою тиҷоратӣ, имомхатибони масҷидҳои панҷвақта ва ҷомеъ, инчунин масъулини кулли сохторҳои шаҳрию ноҳиявӣ пушидани либосҳои ғайримиллиро хатарзо хонда, хостааст, то аз фурӯши либосҳои ба фарҳанги миллии тоҷикон бегона дар бозор ва нуқтаҳои фурӯши пойтахт ҷилавгирӣ кунанд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев бори аввал нест, ки барои ҷилавгирӣ аз пӯшиши либосҳои ғайримиллӣ дар шаҳри Душанбе дастур медиҳад, вале дар бештари ҳолат иҷрои он аз бонувони муҳаҷҷаба ва рӯсарипӯш талаб мешавад, ки боиси нигаронии бархе сокинон шудааст. “Саид”, корбари “Озодагон” навиштааст, ҳарчанд худи ӯ зидди пӯшиши либосҳои ғайримиллӣ аст, аммо азбаски дар ин “маъракаҳо” танҳо занони муҳаҷҷаба “қурбонӣ”-анд, наметавонад аз иқдоми Убайдуллоев ҷонибдорӣ кунад: “Ин раиси шаҳр либоси миллиро ба танзим дароварданӣ аст ва мо ҳам тарафдори ин ҳастем, аммо либоси аврупоиро ҳам бояд бардоранд, чун онҳо ҳам либоси миллии мо нест”.

“Тоҷик”, корбари дигар ба ин баҳс ҳамроҳ шуда, навиштааст, раҳбарияти пойтахти Тоҷикистон дар ҳоле метавонад, дар бораи либоси миллӣ ҳарф занад, ки худ бар тан ҷомаву дар сар тоқӣ бипӯшад: “Магар ҷинсу футболкаву брюку костюму галстук либоси миллӣ аст?! Ҷаноби Убайдуллоев худ дар либоси миллӣ нест боз аз либоси миллӣ суҳбат мекунад! Тоқию ҷома пӯшад ва баъд ин гапҳоро бизанад!”.
Мӯҳр
Абдуллох
аввал худашон либоси милла пушанд баъд дигархоро таблиг ба пушидани либоси милли кунанд!

Точик
Суханхои Убайдуллоев сад дар сад дурустанд. Просто миллат фирефтаи араб шудааст. Либоси Убадуллоев замонавист вале хичоби шумо буи асри 6 мекунад. Бале мушкили зиед АСТ. вале мушкилии асоси ин тахдиди радикализм ба сулху субот АСТ. Пеши рохи онро бояд гирифт. кишвар пур аз салафи шудааст. онхо хатто дар макомоти кудрати низ реша давонидаанд. Бинобар ин халки Одди бо тамоми чораву тадьирхои хукумат розист. МО безор аз исломи сиеси. Як ба кишвархои ба нос исломи ба мисли Афгонистон, Покистон нигаред. Мисли хайвон зиндаги доранд.

Бародар
Ана демократия Мардуми моро демократия хуш намеояд ба кадом рох рафта истодаед худшинос бошед вакти токиву чома гузаштааст миллатро пеш бурдан даркор агар точик боши либоси аврупоиро пеш наор асри 7ро гап назан имрузро бояд бо акли солим дид ки миллат бообру пешрафта бе фискуфасод бошад

Dev
Behtar mebud janobi Ubajdulloev baroi avval partobgohhoi Dushanbero toza mekard.Az buyu taffi partobho na shab hobemu na ruz...

Танхо ЛИБОСХОИ ЗАНОНРО ба ТАНЗИМ ДАРОРАНД ДАР ЛИБОСИ МАРДХО ХЕЧ КАМБУДИ НЕСТ.

diplomat
УБАЙДУЛЛОЕВ дуруст кайд кардаанд хамаи корхои дигар аз чумла иктисод хам аз рафтори нек кирдори нек ва пиндори нек вобастааст

Абдуллох
Касоне ки либоси милли гуфта гуши хамаро кар карданд , як бор ба тарзи либоспушии фарзандони худ назар мекарданд.
Баъдан либоси милли дар кучо аст? Чигуна намуд дорад? Бояд ба ин савол чавоб лиханду намудхои " либоси миллиро " пешкаш кунад.

либоси ғайри милли хамин руймолу куртаи остин дароз ҳаст? бигузор касе чи либосе мехоҳад бипушад шумо чи кор доред ба либоси мардум. мардума ҷой кор таъмин кардед ки либос меген. роҳкирои мардума дар дохил кам кардед, агар ин таксиҳои шахси намебуданд шумо метонистед таъмин кунед?шумо масъалаи об, газ, роҳ ва ғ..... таъмин кунед тамоми шароитро барои мардум таъмин кунед шароити мардум ки хуб шуд баъд дар фикри либос бошед. ҳоло барвакт аст

Алиназар
Лутфан аввал "либоси милли" ро мушаххас кунед. Пас барои риояти он тадбир биандешед. Либоси милли, яъне чи? Он бояд чи гуна бошад?. Мардумро дар ин маврид он кадр ба сардаргуми овардаед, ки намедонанд, ки либоси милли чисту гайри милли чист.

58965
Дар шахр кариб наздикии 1 млн нафар сокин аст аммо дар кайд такрибан 700-800 хазор аст вакто ки хакки обу ташноб,мусур ва дигар хизматрасонии комуналиро баланд мекунанд нафарони дар кайднабударо хакашонро дар кайд будагихо пардохт мекунанд инаст проблемаи халнашудаи пойтахт ба фикрам.

Бародар
Ту Абдулох магар намедони урфу одатро хамун зани точик бояд чи пушад ки кобили кабули хама бошад бо ту баринхо намедонем ояндаи миллат чи мешавад Дар мо иктисоддон намерасад ту чи хунар дори факат малим духтур охраник аробакш мардикор сохмончии халол нест бо ин кадар бехунари даханкалон чи мешавем

Гость
Бародар,
Миллат фиревтаи гарб шудаги, на фиревтаи араб як бор тахлил кун либоси аврупои дар шахр духтаро зиёд мепушанд ё милли ?
Дар тамоми дунё занхои мусалмон хамин тарз либосро(Хичоб) мепушанд чи дар Аврупо чи дар Малазия чи дар Амрико оё онхо хам фиревтаи Араб шудаанд оё дар мамлакатхои онхо сулх нест ? Ин либос либоси Араб нест балки ояти Куръон фармони Худо аст.
Оё бо гирифтани риш ва манъи хичоб ягон мушкилли мардум хал мешавад зиндагии мардум ру ба бехбуди мешавад ?

Субхон
Дахолат кардан ба зиндагии шахрвандон чиноят аст! Гузашта аз ин сиëси кардани ин масъала хуб нест. Хар садо аксисадо дораду хар амал акси амвл дорад. Аввал ин ки хечгох ин раванд ( мачбурсози) рохи хал нест. Чавононро на либосу риш ифроти кардааст, балки бекориву мухачират , яъсу ноумеди ифроти мекунад. Хуб мешуд рохи халли мушкилии чавонон - бекори, андеша мекарданд.

салом ба хама.
Чи шудааст бар мо? Харчанд фикр мекуна хеч чизро намефахмам.Кучок,ки нарави бахс сари либоса,чи мачлис,чи туйю мусибат. Чаро хама сари як маъала бахс мекунад,духтархо сатр накунанд,руймол накунанд,курта намушанд.як ба кучахои шахр назар афканем чи гуна духтару,занхоро мебинем,кампирашро намегуем.кариб,ки урен шудаанд.кани номуси точики, чаро либосаи аврупоихоро касе танкид намекунад?? Кани чавоб дихед????
Ба рости,ки дируз як сахифаи интернетиро кушодам як мавзуи чолибро дидам,ки гуфта шудааст: Дар дуне зеда аз 55млн миллати чухут аст,ки аз он 108 нафар Премияи Нобелиро сохиб аст. Ва аз 1,4 млр миллати мусалмон 2 нафараш Нобели дорад.
Медонед барои чи??? Барои онки мусулмонхо хама бахси либоси занхову куртаву галстуку шиму туфликати вактшона мегзаронан.
Яксу гузоред ин хамаро.бигзор чизе бипушанд.фарзи Илохиро ичро намоянд.
Танхо талкини онхоро кунед,ки иу дониши яхудро ба худ касб кунанд на инки тарзи либоспушии онхоро. Ин аст хизмати хуб барои саводнокиро баланд кардан.

салом ба хама.
Чи шудааст бар мо? Харчанд фикр мекуна хеч чизро намефахмам.Кучок,ки нарави бахс сари либоса,чи мачлис,чи туйю мусибат. Чаро хама сари як маъала бахс мекунад,духтархо сатр накунанд,руймол накунанд,курта намушанд.як ба кучахои шахр назар афканем чи гуна духтару,занхоро мебинем,кампирашро намегуем.кариб,ки урен шудаанд.кани номуси точики, чаро либосаи аврупоихоро касе танкид намекунад?? Кани чавоб дихед????
Ба рости,ки дируз як сахифаи интернетиро кушодам як мавзуи чолибро дидам,ки гуфта шудааст: Дар дуне зеда аз 55млн миллати чухут аст,ки аз он 108 нафар Премияи Нобелиро сохиб аст. Ва аз 1,4 млр миллати мусалмон 2 нафараш Нобели дорад.
Медонед барои чи??? Барои онки мусулмонхо хама бахси либоси занхову куртаву галстуку шиму туфликати вактшона мегзаронан.
Яксу гузоред ин хамаро.бигзор чизе бипушанд.фарзи Илохиро ичро намоянд.
Танхо талкини онхоро кунед,ки иу дониши яхудро ба худ касб кунанд на инки тарзи либоспушии онхоро. Ин аст хизмати хуб барои саводнокиро баланд кардан.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)