Суғд: Аз ҳама бештар кормандони низоми бонкӣ ришва гирифтаанд
Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд мегӯяд, дар шаш моҳи аввали соли равон 26 корманди низоми бонкӣ бо иттиҳоми ҷиноятҳои коррупсионӣ ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.
Аз ин ниҳод ба "Озодагон" гуфтанд, ин рақам дар ҳамин давраи соли рафта ба 13 мерасид. Манбаъ мегӯяд, дар шаш моҳи аввали имсол аз сӯи кормандони соҳаи кишоварзӣ 26 ҷинояти коррупсионӣ содир шуда, нисбати 11 нафар парванда боз шудааст: "Дар нимсолаи аввали соли равон 290 ҷинояти коррупсионӣ ва иқтисодии характери коррупсионидошта ошкор карда шудааст, ки ин рақам дар нимсолаи аввали соли гузашта 259 ададро ташкил медод. Таҳлили фаъолияти хизматии шахсони умумии ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидашуда нишон дод, ки онҳо ба намояндагони чунин кумитаву вазоратҳо мансубанд:
- Кормандони соҳаи бонкӣ - 51 ҷиноят (нимсолаи якуми соли 2014 - 13) алайҳи 26 нафар;
- Кормандони соҳаи кишоварзӣ - 26 ҷиноят (нимсолаи якуми соли 2014 - 5) алайҳи 11 нафар;
- Кормандони соҳаи маориф - 18 ҷиноят (нимсолаи якуми соли 2014 - 21) алайҳи 18 нафар;
- Вазорати корҳои дохилӣ - 16 ҷиноят (нимсолаи якуми соли 2014 - 13) алайҳи 7 нафар;
- Кормандони соҳаи тандурустӣ - 12 ҷиноят (нимсолаи якуми соли 2014 - 14) алайҳи 12 нафар;
- Кормандони МИҲД - 10 ҷиноят (нимсолаи якуми соли 2014 - 32) алайҳи 10 нафар;
- Мелиоратсия ва хоҷагии об - 9 ҷиноят (нимсолаи якуми соли 2014 - 0) алайҳи 8 нафар;
- Вазорати меҳнат - 7 ҷиноят (нимсолаи якуми соли 2014 - 0) алайҳи 6 нафар;
- Кумитаи заминсозӣ - 7 ҷиноят (нимсолаи якуми соли 2014 - 7) алайҳи 10 нафар;
- Вазорати адлия - 6 ҷиноят (нимсолаи якуми соли 2014 - 2) алайҳи 2 нафар;
- Кормандони соҳаи нақлиёт - 4 ҷиноят (нимсолаи якуми соли 2014 - 7) алайҳи 4 нафар;
- Вазорати мудофиа - 2 ҷиноят (нимсолаи якуми соли 2014 - 4) алайҳи 3 нафар;
- Кормандони КДАМ - 2 ҷиноят (нимсолаи якуми соли 2014 - 0) алайҳи 2 нафар;
- Кормандони кумитаи андоз - 2 ҷиноят (нимсолаи якуми соли 2014 - 0) алайҳи 2 нафар;
- Кормандони Хадамоти гумрук - 1 ҷиноят (нимсолаи якуми соли 2014 - 0) алайҳи 1 нафар;
- Кормандони Агентии назорати маводи нашъадор - 1 ҷиноят (нимсолаи якуми соли 2014 - 0) алайҳи 1 нафар;
- Корманди дигар мақомот - 106 ҷиноят (нимсолаи якуми соли 2014 - 133) алайҳи 120 нафар дар ҳудуди вилоят содир гардидаанд".
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |