Таъкиди Э.Раҳмон барои мавқеи ягонаи Тоҷикистону Туркманистон дар мубориза бо терроризм
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 20 август дар мулоқот бо ҳамтои туркманаш -- Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов мавқеи Душанбеву Ашхободро дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ ҳамсону ягона хондааст.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури кишвар мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон аснои суҳбат бо Бердимуҳаммадов ба мавқеи ҳамсону ягона доштани Тоҷикистону Туркманистон оид ба аксари масоили байналмилалӣ, аз ҷумла муқовимат бо терроризму ифротгароӣ ва дигар хатарҳои ҷаҳонӣ басо муҳим номида, таъкид дошт, “чунин мавқеъгирӣ заминаи хубе аст барои густариши робитаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва маърифатию фарҳангӣ”.
Манбаъ мегӯяд, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, “мо сафари расмии шуморо ба кишвари худ басо муҳим мешуморем, зеро Туркманистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бисёр масоили минтақавию ҷаҳонӣ, ба хусус дар бахши ҳифзи амну субот ва сулҳу салоҳ мавқеи ҳамсон доранд”.
Ба иттилои дафтари матбуотии раисиҷумҳур, аз рӯйи натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олӣ имзои 5 санади нави ҳамкорӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои тандурустӣ, телевизиону радио, китобдорӣ ва ғайра дар назар аст.
Эмомалӣ Раҳмон шоми рӯзи гузашта бо сафари расмии дурӯза вориди Ашхобод шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |