Бахшҳо

ВИДЕО: "Жизнь требует". Далели дар мактабҳои русӣ хондани тоҷикон

Ахиран раванди ба муассисаҳои таълимии русӣ гузоштани кӯдакони тоҷик суръат гирифтааст. Ин ҳолат дар марказҳои маъмурии шаҳрҳо, ба вижа пойтахти кишвар зиёд мушоҳида мешавад. Дар ин робита хабарнигори "Озодагон" дар кӯчаҳои Душанбе аз роҳгузарон суол кард, ки ЧАРО ВОЛИДОН ФАРЗАНДОНИ ХУДРО БА МАКТАБҲОИ РУСӢ МЕБАРАНД?

Бархе аз пурсидашудаҳо гуфтанд, вазъи кунунии зиндагӣ, муҳоҷират ва мушкили пайдо кардани ҷойи кор дар Русия, ки яке аз талаботҳояш донистани забони русӣ аст, таваҷҷуҳ ба мактабҳои русиро бештар кардааст. Чанд нафар ин равандро ба солҳои зиёд дар ҳайати Шӯравӣ будану инак шарики стратегии Тоҷикистон эълон шудани Русия марбут донистанд. Иддаи дигар изҳор доштанд, низоми таълим ва муносибат дар макотиби русӣ нисбат ба таълимгоҳҳои тоҷикӣ беҳтар ба роҳ монда шуда, тарзу усули дарсгузарӣ ва талабот фарқкунанда аст.

Назари бархе аз сокинону меҳмонони пойтахтро дар ин видео бубинед ва Шумо низ андешаи худро бинависед.


Мӯҳр
Омухтани забони руси барои хар фарди точик зарур аст, чун ин талаботи замон ба шумор меравад. Айни замон аз хар хонаводаи точик чанд нафар, ё хади акал як нафар дар Руссия карор дорад. Яке тахсил мекунад, дигаре ба мухочирати мехнати, саввуми барои дар он чо доими зиндаги кардан ва хоказо. Баъд мо мардуми пасошурави хануз дар хар бобат бо хам робитаи зич дорем. Дар Точикистон хам русхо зиёданд, онхое, бки Точикистонро ватани худ мешуморанд ва хатто дар фикри тарк кардани он нестанд. Баъд бештари адабиёти илми ва фархангии мо ё бакалами русхо тааллук дорандб ё ба забони руси навишта шулдаанд ва то тарчума ва дастраси хамаи миллат гардидани онхо захмат кашидан ва донистани забони руси шарт ва зарур аст. Барои робитахои фарханги, дипломати, иктисоди ва ичтимоии мо хам донистани забони руси хатмист. Баъд донистани забон хазору як мушкили нокушодаро мекушояд ва инсон агар забон донад, харгиз хор намешавад. Вале набояд фаромуш кард, ки дар баробари донистани забонхои дигар забони модарии моро хам бояд ба сатхи воло бидонанд ва онро хамеша пос доранд, чун забони модари нишонаи мавчудияти миллат аст.

Sanyk
Дар давраи Шурави дарсхои забони русси дар мактабхои миена хеле хуб ба рох монда шуда буд. Муаллимони забони русси нисбат ба муаллимони фанхои дигар маоши зиедтар мегирифтанд. Хукмати ЧТ бояд нисбат ба мактабхои махсусгардонидашуда ва худмаблахгузор ба муассисахои таълими (мактаби камбагалон) ахмият дихад. Агар хоханд, ки давраи хукумрониашон тулони бошад. "Давлати пойдор хохи, руй бар маориф дех"

Ҳолдон
Аввал, ҳар нафар бояд забони модарии худ, забонеро, ки модар бо ӯ ба ҳангоми шир додан сӯҳбат мекунад, донад.

Дар бораи ба мактабҳои русӣ рафтани писарону духтарони тоҷик сабабҳои объективӣ дорад. Сабаби аввал, сифати таълим дар мактабҳои тоҷикӣ бенияҳот паст аст. Сабаби дувум, ки решаи сабаби аввал аст, хору зор будани муаллимони мактабҳои тоҷикӣ аст. Ба ҳисоби миёна дар Тоҷикистон ҳар оила аз 5-6 нафар одам иборат аст, бо 700 сомоние ки муаллим дар як моҳ пайдо мекунад, ӯ чӣ кори зиндагии худро ба итмом мерасонад? Маҷбур мешавад, дар фикри пайдо кардани ризқу рӯзии фарзандонаш шавад, ки ба ҳамаи мо ба шакли "пул барои ин, пул барои он" маълум аст.
Агар давлат хоҳад, ки миллати солим ва муваффақ созад, бояд пеш аз ҳама вазъияти молиявии муаллиму духтуронашро беҳбуд бахшад, вагарна баъди 100 сол ҳам ҳамин мушкилӣ дар ҷомеа хоҳад монд.

Забони руси ин як гузаргохест барои халкхои собик иттиходи шурави, ки тавасути он ин мардум ба омухтани тамоми илмхо ва забонхои хорича рох меёбанд. Гузаргох яъне Мост. купрук. агар он набошад мо ба он рох намеёбем!!!!!!!!!!!!!!!!

Душанбеги
Яке аз сабабхои асосии шавкмандии чавонону волидайни онхо - дастраси ва истифодаи самарабахши интернет мебошад

1
КУДАК ЗАБОНИ МОДАРИ ХУДРО ХОХ НОХОХ ДАР ХОНАИ ПАДАРУ МОЖДАРИ ХУД ДЖАР МУХИТИ ЗИНДАГИ ХУД МЕОМУЗАДУ ЁД МЕГИРАД, БАРОИ ХАМИ БОЯД ЗАБОНИ РУСИРО ДАР МАКТАБХО БО ТАМОМ КОНУНУ КОЙДАХОЯШ ОМУЗАДУ ЁД ГИРАД ЧУН ДАР ФАЗОИ ИМРУЗАВУ ШАРОИТИ ИМРУЗАВУ ТАРАКИЁТИ ИЛМУ ДОНИШ ДАР ЧАХОН БАРОИ ОЯНДАИ ХУД МУШКИЛ АСТ КИ ИНСОН ЯК ЗАБОНИ ХОРИЧИРО НАДОНАДУ НАОМУЗАД . БА НАЗАРИ МАН ИН ХАТМИСТ АЛБАТТА БАРОИ КАСОНЕКИ ДОРОИ ШАРОИТ БАРОИ ХОНОНДАНИ РУСИВУ АНГЛИСИ БАРОИ ФАРЗАНДОНИ ХУД МЕБОШАНД. ЧУН ДАР МАКОТИБИ МИЁНА ДАР ГУРУХИ ТОЧИКИ АГАР ДАРСОИ РУСИРАМ ДОШТА БОШНАД АСЛАН УРО НАМЕШАВА НОМИ ДАРСИ РУСИ ГУЗОШТ ЧУН МУААЛИМ АСЛАН ЧИДДИ НАЗОРАТ ВА ТАЪЛИМРО САХТГИР НЕСТАН ВА САЛОМ

Саид
Аз чунин чавоб ба саволхо ва аз чунин тавзехоти мардум дар форум ин кадар шармам омад, ки то бас гуфтана. Гастеракхоро омода карда ба гуломи фиристодан гиред. ЭЭЭ мардум номус дорем ё не, ин кадар тахкиру хакорат, шарм намедорем-еее. Ба хамин забон хатто харф задан намехохам, зеро донистани ин забон омухтани забони англисиро хеле мушкил мекунад, ин забон барои омухтани дигар забонхои монеаи бузург аст, фаромуш накунед. Вакте ки мебинам ду се нафар лабошона кач карда бо ин заблн харф мезананд, ба назари ман онон ба чуз гастер беш нестанд. Бояд шарм дорем ва ин забонро тахрим кунем. Озодагон ин назари маро чоп кунед, илтимос.

Комил
Дар мактабҳои тоҷикӣ аксаран бачаҳо нодону бетарбия шуда истодаанд, зеро худи мураббиҳову муаллимҳояшон беодобу беилманд ва беш аз ин беисофу пулпарастанд. Педагог бояд ин тур набошад ва дар ҳама ҳолат бояд ғуруру номусу обрӯи омӯзгориашро нигоҳ дорад. Вале, ҳоло бубинед, ки ҷои омӯзгорони асилро киҳо гирифтаанд. Бояд ҳама дар мактабҳои аҷнабиҳо хонанд, то замони ... шудани муаллимҳои тоҷик

Точик
Ман зидди ягон забон нестам. Вале, мехохам, ки фарзандони ман дар Ватани ман-Точикистон бо забони точики таълим бигиранд, то дунёи онхо точики бунёд шавад. Чи хеле ки шоир фармудаастт:
Аз миллату аз забони худ ёд кунед,
арвохи гузаштагони худ шод кунед,
То харф занад ба точики тифли Шумо,
Дунёи варо точики бунёд кунед.
Аммо, мехохам, ки фарзандонам дар баробари бо забони точики таълим гирифтан инчунин забонхои хоричи (араби, руси, англиси ва хитои)-ро низ хуб донанд, чунки такозои замон хамин аст. Вале хар касе, ки забони модарии худро дуруст намедонад, дигар забонхоро хам дуруст азхуд карда наметавонад:
Хар кас ба забони худ сухандон гардад,
Донистани сад забон осон гардад.
Вале, мутаасифона, сатхи таълиму тарбия ва донишомузи дар бисёре аз мактабхои точики ба талаботи замон чавобгу нест. Аз ин ру айни замон фарзандони ман хам дар мактаби забони тахсилаш руси тахсил доранд. То вазъ дар мактабхои точики тагир ёфтана наслхои хозира аз илмомузи кафо мемонанд. Бинобар ин, волидон мачбуранд, ки ба хотири ояндаи фарзандонашон онхоро ба мактабхои нисбатан пешкадамтар, аз чумла матабхои руси супоранд.

солхои1985-1991 дар коллективи русзабон (ядерный полигон) кор кардаам.Муомилаи онхо бо ман дар сатхи баланди маданият буд. Хозир дар коллективи Точикон (Барки Точик) кор менамоям, ки аксариятхо иззату муомилаашон аз руи "дуруягй" ба рох мондаанд. Аз рафтору кирдори домуллою диндорон, ки асоси одобу маърифат худро мехисобанд, дилам мондааст. Бигзор фарзандонаму наберахоям аз маданияти баланди Рус омузиш намоянд, ростгуфтору росткирдор бошанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)