Рейтинги депутатҳои "бой"-и Қирғизистон нашр шуд
Ду расонаи қирғизӣ бар бунёди эъломияи пуркардаи вакилон дороиҳои намояндагони парлумонро ҳисоб кардаанд.
Дар раддабандии ин расонаҳо, даромади 12 намояндаи маҷлиси Қирғизистон дар соли 2014 ҳисоб шуда, Шаршенбек Абдукаримов, намояндаи ҳизби “Интимак” бо 112,7 миллион соми қирғизӣ, муодили 1,8 миллони доллари амрикоӣ, дар мақоми аввал қарор гирифтааст.
Бар асоси ин санад, даромади Абдукаримов дар соли 2013 ҳудуди 72 миллион соми қирғизӣ будааст, ки муодили 1,1 миллион доллар ҳисоб шуда. Дар ҷойи дуввум Азамат Арапбаев, аз ҳизби “Ата-Журт” мақом дорад, ки даромади соли 2014-и ӯ 94 миллион соми қирғизӣ баробар ба 1,5 миллион доллари амрикоӣ ҳисоб шудааст. Даромади ин намоянади парлумони Қирғизистон аз ҳисоби саҳмияҳояш будааст.
Чинибай Турсунбеков, намояндаи Ҳизби сотсиал-демократи Қирғизистон бо даромади 12,4 миллион соми қирғизӣ ё 198,6 ҳазор доллари амрикоӣ дар ҷойи 3-юм қарор гирифтааст. Даромади аслии ин намояндаи парлумон аз корҳои ҳуқуқии ӯ гуфта мешавад.
Аз миёни 12 намояндаи парлумон дар раддабандии "АКИpress" ва "Tazabek" ягона зан Нодира Нарматова аз ҳизби “Ата-Журт” аст, ки даромади соли 2014-и ӯ 7,5 миллион соми қирғизӣ ҳисоб шудааст. Хонум Нодира ба ин миқдор даромади худ дар ҷойи 4-уми раддабандӣ нишастааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |