Таъкиди Э.Раҳмон ба содиқ будан ба ҳамсоягии нек бо Афғонистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 19 август бо ирсоли як барқия унвонии ҳамтои афғонаш -- Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, ӯ ва тамоми мардуми кишварашро ба муносибати ҷашни солгарди истиқлолияти давлатии ин кишвар табрик гуфтааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар барқияи табрикии Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла гуфта шудааст, Тоҷикистон ва Афғонистон тӯли садсолаҳо ҳамчун ҳамсоягони нек ва кишварҳои дорои равобити дерини дӯстона ва пайвандҳои маҳкам зиндагӣ доштанд ва чунин хоҳанд монд: “Мо ба ин суннати бузурги таърихӣ содиқем ва густаришу таҳкими равобит бо Афғонистонро аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати хориҷии кишвар медонем. Мо аз раванди густариши равобит ва ҳамкории ду кишвари дӯст қаноатмандем. Бунёди сиёсиву ҳуқуқии равобит ва ҳамкории мо таҳким ёфта, соҳаҳои ҳамкорӣ тавсеаи бештар меёбанд. Мо бар онем, ки ҳарду ҷониб пайгирона соҳаҳо ва роҳҳои нав ба нави ҳамкориҳои мутақобилан судмандро ҷустуҷӯ ва мавриди истифода қарор диҳанд”.
Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи номаи худ изҳор доштааст, Тоҷикистон кушиш ба харҷ хоҳад дод, то муносибатҳо ҳамеша дар сатҳи баланд ва ҷавобгӯи манофеи ҳар ду ҷониб бошанд: “Дар марҳилаи имрӯзаи ҳассос ва сарнавиштсози Афғонистон, мо мисли пешин хоҳони таъмини сулҳу субот ва амнияти пойдор дар ин кишвари бародар буда, дар симои он як сарзамини осудаву мутараққиро диданием ва барои ин мақсад аз ҳеҷ кӯшише дареғ нахоҳем варзид”.
Афғонистон имсол аз 96-умин солгарди истиқлолияти давлатии худ таҷлил мекунад. Ба ин муносибат дирӯз, 18 август дар шаҳри Душанбе ҳамоише баргузор шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Феврал 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | |