Даргузашти “фанат”-и хоккей, ки бо зарби як мушти Ҷамилов беҳуш шуд

Виталий Спиридонов, раҳбари ҳаракати мухлисони дастаи хоккейи “Трактор”-и Челябинск, ки бо зарби як мушти тоҷиктаборе аз пой афтида буд, ба ҳалокат расидааст. Дар ин бора дӯстони ин “фанат”-и хоккей дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар додаанд.
Ба иттилои онҳо, Спиридонов субҳи имрӯз, 19 август ба ҳалокат расидааст. Ин дар ҳолест, ки шаби 11 ба 12 август дар пайи амалиёти муштараки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Челябинск ва Хадамоти федералии амният - “ФСБ” Комил Ҷамилов, зодаи 22-солаи Тоҷикистон бо иттиҳоми расондани зарари вазнини ҷисмонӣ ба Виталий Спиридонов боздошт гардида буд.
Ба иттилои расонаҳо, қазия соати 4-и субҳи 4 август дар назди майхонаи “Топка”-и Челябинск сурат гирифтааст: “Миёни мухлисони “Трактор” ва гуруҳи ҷавонон муноқиша сар задааст. Ҷонибҳо барои ҳалли қазия ба беруни майхона баромадаанд”.
Дар навори сабткардаи дурбинҳои майхона дида мешавад, ҷавони кулоҳпӯш, ки гуфта мешавад Ҷамилов аст бо як зарба Спиридонови 37-соларо аз пой меафтонад. Гуфта мешавад, баъди афтидан сари Спиридонов осеб дида, ба беморхона интиқол ёфтааст.
Расонаҳои русӣ мегӯянд, Ҷамилов шаҳрвандии Русияро дошта, дар Челябинск ба сар мебарад: “Ӯ муҳорибаҳои будину қоидаро машқ мекардааст”.
ВИДЕОи муноқиша, ки расонаҳои русӣ нашр кардаанд:
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |