Аслов: Калиди аслии ҳалли мушкилот ваҳдати содиқона аст (АКС)
Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон сулҳу субот дар Афғонистонро амнияти пойдор дар минтақа хонда, ваҳдат ва иттиҳоди содиқонаро калиди аслии ҳалли ҳама гуна мушкил гуфт. Ин нуктаро вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар суханронии табрикии худ бахшида ба 96-умин солгарди истиқлолияти давлатии Афғонистон шоми 18 август дар сафорати ин кишвар дар шаҳри Душанбе иброз дошт.
Масъулини сафорати Афғонистон дар шаҳри Душанбе шоми 18 август бо баргузории як чорабинӣ 96-умин солгарди истиқлоли давлатии худро ҷашн гирифтанд. Дар ин чорабинӣ, ки дипломатҳои хориҷии муқими Тоҷикистон низ ҳузур доштанд, Сироҷиддин Аслов иштирок ва таманниёти мардум ва раҳбарияти кишварро ба сокинони Афғонистон баён дошт.
Сироҷиддин Аслов гуфт, Тоҷикистон ҳамеша аз мавқеи Афғонистон дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид ҳимоят карда, ҷонибдори таъмини сулҳу амният дар ин кишвар аст: “Мо ҷонибдори тақвияти бештари низоми навини сиёсӣ ва таъмини амният ва субот дар кишвари бародари мо – Афғонистон мебошем”.
Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон ва Афғонистон яке аз кишварҳои меҳварие ба ҳисоб мераванд, ки дар амнияту субот ва пешрафти минтақа манфиати ҳаётӣ доранд. Вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар идома таъкид кард, калиди аслии ҳама гуна мушкил ваҳдат ва иттиҳоди содиқона мебошад: “Тоҷикистон аз таҷрибаи худу ҷомеаи башарӣ дарёфтааст, ки калиди аслии ҳалли мушкилоту проблемаҳо ваҳдату иттиҳоди матин ва содиқона аст”.
Абдулғафури Орзу, сафири Афғонистон дар Душанбе низ зимни суханронии худ аз ҳимояту дастгириҳои ҷониби Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ қадрдонӣ карда, ба рушди бештари равобити ду кишвар таъкид намуд. Ҷаноби Орзу гуфт, “Афғонистон ва Тоҷикистон дорои ҳувияти ягонаи фарҳангию тамаддунианд. Дин, забон, фарҳанг ва таърихи муштарак пайванди ду миллатро чунон ба ҳам наздику ногусастанӣ кардааст, ки дар дунё бемонанд мебошад ва бояд ин ҳамдилии таърихиро бо ҳамгироии сиёсӣ бозсозӣ кард”.
Ӯ аз Афғонистон сипари амниятии кишварҳои Осиёи Марказӣ ном бурда, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кард, барои таҷҳиз ва омӯзиши артиши миллии ин кишвар, ки ҳоло дар набарди мубориза бо гуруҳҳои террористӣ қарор дорад, саҳм гузоранд: “Афғонистон сипасри амниятии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҳамсоякишварҳои дигар мебошад. Ҳоло артиши милли мо бо тавоноӣ ва қудрати худ бо гуруҳҳои террористию ифротӣ аз қабили Толибону ал-Қоида ва ДИИШ мубориза мебарад ва кишварҳои дусту ҷомеаи ҷаҳониро мебояд, ки артиши миллии Афғонистонро, таҷҳиз, тамрин ва омӯзиш диҳанд”.
Тоҷикистону Афғонистон бо ҳам беш аз ҳазору 200 километр марзи муштарак дошта, муносибатҳои дипломатӣ миёни ду кишвари ҳамсоя 15 июли соли 1992 барқарор гардидаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |