Ҳалокати ду пиёдагард дар шимол ва ҷануби Тоҷикистон

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ду садамаи маргбор дар ду рӯзи ахир хабар додааст.
Бино ба иттилои ин ниҳод, рӯзи 17 август ронандаи автомашинаи “ГАЗ-53”, марди 47-солаи сокини ноҳияи Хуросон, ҳангоми ҳаракат аз самти маркази ноҳия ба самти ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, дар роҳи нақлиётгарди “Душанбе-Қӯрғонтеппа”-и ҳудуди ҷамоати деҳоти Садриддин Айнӣ, бехатарии ҳаракати роҳро риоя накарда, пиёдагарди ноболиғ, писарбачаи 7-сола, аз деҳаи Коммунизмро пахш намудааст: “Дар натиҷа писарбача ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст”.
Манбаъ меафзояд, як рӯз қабл аз ин, 16 август, “ронандаи автомашинаи “ВАЗ-2106”, марди 43-солаи сокини шаҳри Панҷакент, аснои ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди “Панҷакент-Айнӣ”, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард, зани 49-солаи сокини деҳаи Сучинаи ҳамин ноҳияро пахш намудааст”.
Ба иттилои сарчашмаи хабар, дар натиҷа пиёдагард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар роҳ ба беморхона ба ҳалокат расидааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |