Бахшҳо

Ҳукми ду соли зиндони журналист Аминҷон Гулмуродзода

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Аминҷон Гулмуродзода, журналисти тоҷик ва сармуҳаррири сайти русии www.faraj.com.tj-ро ду сол аз озодӣ маҳрум кард.

Исозода Хуршед Искандар, додраси мурофиа Гулмуродзодаро дар асоси модаи 340, қисми 2 банди "а"-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон – тақаллуби ҳуҷҷат муҷрим шинохта, ӯро барои ду сол равонаи зиндони низомаш умумӣ кард. Гулмуродзода баъд аз эълони ҳукм дар толори додгоҳ ба ҳасб гирфта шуд.

Қаблан, Абдумумин Каримзода, намояндаи прокуратураи шаҳри Душанбе аз додрас хоста буд, Аминҷон Гулмуродзодаро чор сол аз озодӣ маҳрум созад.

Аминҷон Гулмуродзода дар он муттаҳам мешавад, ки гӯё соли 1989, вақте ҳанӯз ба балоғат нарасида буд, бо кумаки падараш, собиқ декани факултаи журналистикаи ДМТ, марҳум -- Гулмуродзода Пайванди Гулмурод аз бахши САҲШ-и ноҳияи Ленин (ҳозира Рӯдакӣ)-и ҶСС Тоҷикистон шаҳодатномаи таваллуд дастрас кардааст, ки ба гуфтаи мақомоти тафтишот қалбакӣ мебошад. Ба иддаои мақомоти тафтишотӣ Аминҷон бо истифода аз ин шаҳодатнома аз мақомоти корҳои дохилии ноҳияи Рӯдакӣ соли 1998 соҳиби шиноснома шуда, онро дар чанд ҳолат ҳангоми ба кор қабул шудан истифода намудааст.

Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон, ки Аминҷон Гулмуродзода корманди он буд мегӯяд, парвандаи ҷиноятӣ нисбати Гулмуродзода моҳи апрели соли равон аз сӯи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе оғоз гардида, моҳи июл, баъди анҷоми тафтишоти пешакӣ, ба Прокуратураи шаҳри Душанбе фиристодааст: “Прокуратураи пойтахт баъди баррасӣ парвандаи ҷиноятиро ба Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе пешниҳод намуд”.

Хуршеди Атовулло, раҳбари МТЖ мегӯяд, “ҳарчанд мақомоти тафтишоти пешакӣ даъво пеш овардааст, ки шаҳодатномаи таваллуди Гулмуродзода Аминҷон таҳти №208 дар бахши САҲШ-и ноҳияи Рӯдакӣ мавҷуд несту ин рақами қайд ба шаҳрванд И.З. тааллуқ дорад, аммо ҳангоми тадқиқоти журналистӣ исбот шуд, ки қайди акт дар бораи таваллуд таҳти №208 дар асоси маълумотномаи қалбакӣ гирифта шудааст. Зеро дар қайди мазкур гуфта шудааст, ки асос барои он маълумотномаи таваллуд аз Таваллудхонаи №3-и шаҳри Душанбе аз 5 апрели соли 1982 мебошад, аммо роҳбарияти таваллудхонаи мазкур ба дархости Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон чунин ҷавоб дод, ки “Таваллудхонаи №3-и шаҳри Душанбе бо қарори Кумитаи иҷрояи вакилони халқи шаҳри Душанбе таҳти №240 аз 24 июли соли 1985 таъсис ёфтааст”.

Ҷаноби Атовулло меафзояд, "муфаттишон ба суоли асосӣ посух наёфтаанд, ки оё Гулмуродзода Пайванд Гулмурод аз гирифтани шаҳодатномаи қалбакӣ фарзандашро огоҳ кардааст ё не? Чунки шаҳодатномаро аслан дар кӯдакӣ волидон барои фарзанд мегиранд ва кӯдак наметавонад аз он ки ба ӯ дар тифлӣ ба чӣ ному насаб шаҳодатнома гирифтаанд, кай ва чӣ хел гирифтаанд, чӣ ном гузоштаанд, табиист, ки огоҳ буда наметавонад ва ҳам собиқ декани факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шодравон Гулмуродзода Пайванд Гулмурод – падари Аминҷон чанд сол аст, ки дар қайди ҳаёт нест ва наметавонад ин талаби муфаттишонро қонеъ кунад".
Мӯҳр
Хуршед
Говсуд накунед, миллионхо долларро хурда гаштаанд кани доштаву маъбас кунед агар боадолат бошед!!!

Яке аз "бузургони мо" гуфтааст ,,такозои замон хамин аст,.ин сухани пурмухтаво чавоби хамаи суолхо аст

точики Самаркандй
ин як сигнал барои точикони ун тарафи марз аст, ки агар аз узбакистон ба инчо омадед сарнавиштатон ин хохад буд..

Усмон
Фарзанди журналисти варзида ва устоди донишчуёни рузноманигон будааст, он кадар чиноят набудаст-ку. Агар дузду одамкуш мебуд, дигар гап. Авф карда шавад.

ман
айбаст ба Худо. Ин чо аз нуктаи назари илми хукук ягон чиноят нест, ки бевосита ба ин бача рабт дошта бошад.

ЗУРАТОН БА ХАМИН БЕЧОРА РАСИД АЙБРО НАМЕДОНЕД МАГАР МИЛЛИОНХОРО МЕДУЗДАНД ХЕЧ ГАП НЕЮ

хамсари Г.Аминджон
Гулмуродзода Аминджон аз калбаки будан ё набудани шаходатномааш хабар надошт, зеро у дар вакти шаходатномагири хурдсол буд. Дар инчо беназорати ё ин ки беахамиятии кормандони САХШ-и н.Рудаки сабаби бегунох ба чавобари кашидани шавхари ман шуд. Аминджон ду фарзанди хурдсол дорад. Фарзанди калониаш 7 сол дорад ки маъюб мебошад. Суди н.И.Сомони магар инро дар назар нагирифт? Чаро барои хатогихои дигарон Аминджон бояд чавоб дихад? Магар ин аз руи адолат аст?

Гулмуродзода Аминджон аз калбаки будан ё набудани шаходатномааш огох набуд, зеро у хурдсол буд. Барои хатогие ки аз тарафи САХШ- и н.Рудаки содир шудааст шавхари ман бояд чавоб дихад? Аминджон ду фарзанд дорад. Калониаш ки 7 сол дорад маъб аст. Магар суди н.И.Сомони инро ба назар нагирифт? Кучо шуд адолат?

Бо духтари маъюбам чи кор кунам? Дар холе ки падари бегунохашро хабс мекунед.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)