Бахшҳо

Зарбаи «иқтисоди сиёҳ» ба буҷаи Тоҷикистон хеле бузург аст

Аз ҳисоби берун кардани амалиёти иқтисодӣ аз «иқтисоди сиёҳ»  имкон дорад, се сол пас даромади буҷаи Тоҷикистон аз 5 то 10 маротиба афзоиш ёбад.


Ин нуктаро дар сӯҳбат бо хабаргузории  «Озодагон» Некрӯй Забиров, раиси Шӯрои ҳамоҳангсози Асоссиатсияҳои соҳибкорони Тоҷикистон изҳор дошт. Ба қавли ҷаноби Забиров амалиёти иқтисодӣ дар Тоҷикистон замоне аз «пинҳонкорӣ»  берун мешаванд, ки агар давлат шумора ва ҳаҷми андозҳоро кам намояд. Ба иттилои Забиров дар доираи иҷрои фармони президент оиди таҳияи Кодекси нави андоз,  соҳибкорони Тоҷикистон аллакай Консепсияи нави сиёсати андозиро таҳия ва ба ниҳодҳои дахлдори ҳукумат пешниҳод кардаанд: «Мо пешниҳод мекунем, ки аз номгӯи андозҳои умумидавлатӣ, ки ҳудуди 17 ададро ташкил медиҳанд, 7 тояшон ихтисор шаванд. Ҳаҷми андозҳои боқимонда ҳудуди 30 – 40 фоиз кам карда шавад».

Ба гуфтаи Забиров дар сурати 30 фоиз кам кардани андозҳо, бе ягон таваккал се сол пас даромади буҷа 5 маротиба афзоиш меёбад. Агар ниҳодҳои дахлдор таваккал кунанду ҳаҷми андозҳоро аз ин ҳам камтар намоянд, даромади буҷаи давлат се сол пас то 10 маротиба зиёд мешавад.

Ба гуфтаи Забиров, сабукии андозҳо боис мешавад, ки корманду корфармо ҳаҷми даромади худро паноҳ накунанд ва супоридани андоз ба таври шаффоф сурат хоҳад гирифт, ки ин дар навбати худ ҳам афзоиши даромади буҷа ва ҳам рушди соҳибкориро таъмин мекунад.{jathumbnail off}

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)