Сешанбе, 8 Апрел 2025
Убайдуллоев хост, фаъолияти корхонаҳои истеҳсолкунандаи қуму сангреза санҷиш шаванд

Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдории Душанбе бори дигар масъалаи санитарию экологии пойтахтро ба миён гузошта, дастур додааст, дар нуқтаҳои партовҷамъкунӣ дурбинҳо насб ва назорат ҷиддӣ гирифта шавад.
Шавкат Саидов, сухангӯи Убайдуллоев дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, ин масъала дар ҷаласаи корию ихтисосии шаҳрдорӣ бо ширкати роҳбарони сохторҳои алоҳидаи масъули ҷумҳуриявию шаҳрӣ ва раисони Комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ба миён гузошта шудааст.
Ба қавли ӯ, “дар ҷаласа масъалаи аз ҷониби сохторҳои зидахли ҷумҳуриявӣ мавриди санҷиш қарор додани ҳолати санитарию экологӣ, пешбурди назорат аз ҷараёни то 31 августи соли 2015 муттасил дар назди 1116 нуқтаҳои партовҷамъкунии шаҳраку маҳаллаҳо, бо насби камераҳои мушоҳидавӣ аз соати 05 то 20, дар се бахши панҷсоата, мутаносибан роҳандозӣ намудани навбатдории кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳо, масъулини сохторҳои шаҳрию ноҳиявӣ ва мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ ва санҷиши вазъи беҳдошту истифодабарии дарёҳои марзгузари шаҳр, қабл аз ҳама фаъолияти корхонаҳои саноатии ба истеҳсоли қуму сангреза машғулбуда баррасӣ шуда, аз ҷониби Убайдуллоев дастуру супоришҳо дода шуд".
Инчунин, дар ҷаласаи рӯзи 17 августи Убайдуллоев бо назардошти фарорасии соли нави хониш дар мактабҳои системаи маорифи шаҳр масъалаи омодабошии мактабҳо ва баланд бардоштани масъулияти коллективҳои омӯзгорию кумитаҳои падару модарон дар роҳандозии таълиму тарбияи босифат ва зери назорати доимии ҷамъиятӣ, пеш аз ҳама назорати интерактивии волидону комиссияҳои марбутаи Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳру ноҳияҳои пойтахт қарор додани раванди таълим дар мактабҳо аз ҷониби Раиси шаҳр ба риштаи таҳлил кашида, ба роҳбарони соҳа дастурҳои мушаххас дода шуданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |