Бахшҳо

Аз Қуръону паёмбар ва мазҳаб “мавъиза” мекунанд, аммо Худоро итоат намекунанд?!

Далер ШАРИФОВ

Солҳои ахир дар Тоҷикистон нафарони касбу кори гуногун ба тарбияи насли наврас ва ё дар умум тарбияи ҷомеа машғул ҳастанд. Ин тарбия бештар ҷанбаҳои дини-мазҳабӣ дошта, дар он бештар сухан оид ба мазҳаб, ифротгароӣ, исломи дуруст ва ё нодуруст, фарҳанги миллӣ ва бегонапарастӣ дар заминаи дин ва мазҳаб, маросимҳои мазҳабӣ ва ибодатҳо меравад...

Духтур, нозири роҳ, омӯзгор, раиси ҷамоат, раиси маҳалла, прокурор, судя, милиса, вакил, соҳибкор, деҳқон, журналист, корманди амният, корманди барқ, мулло, президент дар баробари падару модарон ба тарбия машғуланд. Бештари ҳолатҳо онҳо вазифаи аввалиндараҷа ва ҷонии худро канор гузошта, ба насиҳату тарбияи мардум машғул мешаванд. Нозири роҳ, ки вазифааш назорат ба роҳу автомобилҳо ҳаст ҳангоми пурсидани ҳуҷҷат аз ришу мӯйи сар то Сурияву Ироқ ва мазҳабу дин ба шумо қисса месозад. Агар ба бемористон равед, онҷо низ табобатро аз тарбия оғоз мекунанд. Вале мебинем ин ҳама нерӯе, ки сӯи “тарбия” равона шудааст, таъсири дилхоҳе надодааст. Ҳамоно костагии ахлоқ, ҷангҳои мазҳабӣ, ҷиноятҳо, авбошӣ, гаравидани ҷавонон ба фарҳангҳои ғайр, интихоби мазҳабу ақида ва динҳои дигар, эҳтиром накардани падару модар ва насли калонсол, ба шиддат заиф будани омӯзиш ва мутолиа миёни насли наврас, ҷавонон ва худи насли калон меафзояд. Мақоли халқие ёд меояд, ки “ҚАСОБ БИСЁР ШУД, ГОВ ҲАРОМ МЕШАВАД”.

Гуфтем, ин “тарбияҳо” бештар ҷанбаи динӣ доранд ва гӯяндаҳо мехоҳанд, суханони худро асоси шаръӣ бидиҳанд ва далелу бурҳонашон низ аз Ислом аст. Аз шабакаҳои иҷтимоӣ сар карда, то телевизиону рӯзномаҳо нафарони алоҳида дар масъалаҳои гуногун барои “тарбия”-и насли наврас бо судури “фатвоҳо” машғул ҳастанд, ки маълум нест оё худашон аз шариат хабар доранд ё на. Баъзан ба назар мерасад, баъзе аз ин “тарбиягарон” ҳеч омӯзишу мутолиае дар ин замина надоранд. Акнун ҷои нафарони донишманд ва онҳоеро, ки аз дину мазҳаб шинохти дуруст ва комил доранд, нимчамулло, интернет-мулло, коммунист-мулло, демократ-мулло, аттеист-мулло, пулис-мулло гирифта, бо фаҳму дарки худ ҷомеаро тарбия менамоянд. Дар саргаҳи ҳамаи ин “тарбияҳо” танҳо ва танҳо динҳаросӣ ё мушкилсоз будани ақидаҳои гуногуни исломӣ меистад. Вале аз мушкилиҳои рӯзмарра, аз қабили буҳронҳо, бекориҳо, сатҳи пасти таълим, маҳалгароӣ, шароити бади иҷтимоӣ, муҳоҷират, тандурустӣ ва ғайра ҳарфе нест. Гӯиё агар ҳамин чанд ҷавони ифротгаро ё гуруҳҳои террористиву экстремистӣ набошанд, мо дар “ҚИШЛОҚИ ТИЛЛОӢ” зиндагӣ хоҳем кард.

Ин ҳама насиҳату тарбияҳо хуб аст, агар худи насиҳатгарон ба гуфтаи худ амал намоянд. Чизе ки на ҳамеша шоҳидаш мешавем. Барои мисол, рӯзи 7 августи соли ҷорӣ дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе полковники милиса Саидзода Зикруллоҳ Алӣ доир ба мазҳаби ҳанафӣ бисёр суханронии ҷолибе карда, намозгузоронро аз гароиш ба мазҳабу равияҳои дигар ҳушдор дод. Инчунин, дар идомаи суҳбаташ полковник ба масъалаи сару либоси занҳо дахл карда, онҳоро ба шиддат мавриди интиқод қарор дод. Ба назари ин ҷониб суҳбати онрӯзаи полковник аз бештари мавъизаҳои муллоҳое, ки дар масоҷид ба таблиғ машғуланд, беҳтар буд. Зеро полковник Саидзода гуфтаҳояшро бо далелҳо аз Қуръону суннат асоснок мекард ва матни ояту ҳадисро ҳатто бо забони арабӣ қироат мекард. Ӯ ҳадафи ташрифашро бо як ҳайат аз Вазорати корҳои дохилии кишвар огоҳсозии намозгузорон унвон кард. Мардуми намозгузори Масҷиди марказии шаҳри Душанберо дар доираи мазҳаби Имоми Аъзам тарбия мекард, вале аҷиб ин аст, ки ҳангоми ба поён расонидани мавъизаи худ ҷаноби Саидзода балангӯякро ба ноиби муфтии кишвар дода, аз миёни сафи намозгузорон баромада рафт. Ин ҳангом миёни намозгузорон баҳсу мунозира сурат гирифт. Як муйсафед гуфт, ки “аҷаб, меоянду моро аз дину мазҳабу оину фарҳанг ва чӣ гуна гузоштани намоз, тарзи пӯшидани либос сабақ меомӯзанд, вале худашон на Худоро итоат мекунанду на мазҳабро. Ним соат суҳбати ширину хубе кард, аммо ҳамроҳи мо намоз нагузошт. Магар мазҳаби Имом Аъзам ҳамин аст, ки фарзи Худоро итоат накуниву худро пайрави ин мазҳаб донӣ?”

Ингуна бархурдҳо метавонад, фаҳмишҳои ғалат ва нодурустро дар ҷомеа байни шаҳрвандон, хусусан мусалмонҳои намозгузор ва сохторҳои қудратие, ки имрӯзҳо бештар бо диндорон сарукор доранд, ба вуҷуд биёрад. Ҳатто арзиши сухану насиҳати олиро ба сифр мубадал созад. Ин монанди он аст, ки як навори фаҳшои руҳониеро дар телевизион пахш мекунанд ва мегӯянд, бубинед инҳо ба ҳарфи худашон амал намекунанд ва Худову пайёмбар ва мазҳабро танҳо ба манфиат ва сиёсатҳои худ истифода менамоянд. Минбаъд ҳангоми сафарбар кардани кормандони ҳифзи ҳуқуқ барои “амри маъруфу наҳйи мункар” роҳбаронашон бояд ин ҷониби масъаларо ба инобат гиранд. Вагарна бо либоси низомӣ дар ҷомеаи демократӣ амри маъруф дар ҳар заминае набошад, намозгузорон онро як навъ дахолат ба иботат медонанд ва аз тарафи дигар он нозукиҳое дорад, ки ба эътибор нагирифтани он метавонад ҳангоми чунин тарбияҳо натиҷаи баръакс диҳад!


Аз идора: Ин навишта назари шахсии муаллиф аст
Мӯҳр
бар падару модарат рахмат сухани хакро навишти.дар хакикат имруз мо мусалмони нуги забони шудаги Исломро ба манфиату обруи худамон истифода бурсодему халоссс.ва илло ин кори мусалмони нест

ронанда
Рост онҳо худашон ниёз ба насиҳат доранд angry

Хвкикат
Ахсан, Бародар ба чунин як андешаи вокеии ва шаффоф ба чунин сохтакорони зохиран худро вонамудкардаи ин макомот Офарин офарин

Geneva
Дуруст гуфтед. Имруз дар масчидхо милисахо омада мавъиза карда истодаанд, аммо муомилаву рафтори худи кормандони милиса бехбудиро талаб мекунад,

muslim
Mullo ateist)) dalerjon boshi dodari aziz khub zadishon!


Намозалй
Аввал таърифаш мениву баъдан танкид. Биёед якру бошем. О шарт набудагист, ки хамрохи ин бекорон шишта намоз хонад. Мо дар давлати дунявй ба сар мебарем. Мухим кори давлат аст, на намоз хондан бо чомеа. Ун маак мумкин меравад 5 дакика пайдо када дар кабинеташ хонад намозашро. Мисол ман дар кабинет мехонам ва ба корам халал ворид наменум.

ОФАРИН ОФАРИН ШЕРИ НАР МУБОРАК ШАВАД

tralala
TOJIK,

Э дига ду чумлара часпонд, "Шери нар" шуд?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)