Сабқати ҷаҳонии дзюдо бе иштироки занони тоҷик мегузарад
Тоҷикистонро имсол дар мусобиқоти ҷаҳонии дзюдо, ки аз 24 то 30 август дар Қазоқистон баргузор мешавад, 9 нафар намояндагӣ хоҳанд кард.
Нурулло Лоиқов, раҳбари Федератсияи дзюдои Тоҷикистон ба “Озодагон” гуфт, ба ҳайати мунтахаби дзюдочиёни тоҷик варзишгарони шинохтаи кишвар Комроншоҳи Устопириён, Саидҷалол Саидов, Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, Хушқадам Хусравов ва панҷ тани дигар шомиланд.
Ҳарчанд, ин мусобиқа миёни занҳо низ баргузор мешавад, аммо ба гуфтаи оқои Лоиқов ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон ягон зан шомил набудааст.
Гуфта мешавад, дар сабқати ҷаҳонии дзюдо дар Қазоқистон 600 варзишгар аз 116 давлат иштирок карда, барои дарёфти роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2016, ки дар Рио-де-Жанейрои Бразилия мегузарад, байни ҳам қувваозмоӣ хоҳанд кард.[center][/center]
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |