Таҳдиди шаш соли зиндони зани тоҷикистоние, ки дар СИЗО-и Қазон нигаҳдорӣ мешавад
Як зани тоҷикистониро, ки моҳи ноябри соли 2014 дар шаҳри Қазони Русия боздошт шуд, шаш соли зиндон таҳдид мекунад.
Мақомоти пулиси Қазон ин зани 33-соларо, ки ҳоло дар СИЗО қарор дорад, дар қаллобӣ ва фиреб муттаҳам мекунанд.
Ба қавли пулис, гӯиё ин зан худро дӯсти волидони ноболиғон муаррифӣ карда, онҳоро то хона ҳамроҳӣ ва пулу молро ғорат мекардааст: “Баъд аз ғорати пулу амвол аз манзили “дӯстонаш” ғайб мезадааст”.
Мақомоти пулиси Қазон афзудааст, аксари ҷиноятҳо аз сӯи ин зан бо ҳамин як шева содир шудааст. Ба иттилои манбаъ, пулиси шаҳри Екатеринбург қаблан ин занро мавриди ҷустуҷӯ қарор дода буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |