Ҳамлаи ғоратгарони рус ба муҳоҷирони тоҷик дар Назран
Дар шаҳри Назрани Русия гуруҳи ҳафтнафарии муҳоҷирони кории тоҷик мавриди ҳамлаи ғоратгарони маҳҳалӣ қарор гирифтаанд.
Се тан аз афроди ниқобпӯши мусаллаҳ шоми 13 ба 14 августи соли равон ба маҳалли кори ин муҳоҷирон ҳамла карда, онҳоро латту кӯб ва пулу телефонҳои ҳамроҳашонро ғорат кардаанд. Тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Русия, дар пайи ин ҳамла се шаҳрванди Тоҷикистон ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, ҳоло дар беморхона бистарианд: “Ҳамлагарон 20 ҳазор рубли русӣ ва 6 телефони мобилии муҳоҷиронро ғорат кардаанд”.
Манбаъ афзудааст, дар пайи амалиёти кормандони пулис ду тан аз ҳамлагарон боздошт шуда, дар ҳабси пешакӣ ба сар мебаранд. Дафтари матбуоти ВУД-и Русия афзудааст, ҷустуҷӯи ҳамлагари сеюм идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |