"Рекорд": Аз 58000 сомонӣ-ҷаримаи ҳамноми раиси "Ёқут -2000" то 50 000 сомонии Наимҷон
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, Буриев Наимҷон, ронандаи “Kia Sportage” дар шаҳри Душанбе 206 бор қоидаи ҳаракат дар роҳро вайрон намуда, 49 ҳазору 880 сомонӣ ҷаримабандӣ шудааст.
Тибқи иттилои ин ниҳод 206 қоидавайронкунӣ аз ҷониби Буриев Наимҷон, ронандаи “Kia Sportage”, аломати қайди давлатиаш 5666 ВА 01 аз 3 ноябри соли 2013 то 28 июли соли 2015 тариқи дурбинҳои “Шаҳри бехатар” ба қайд гирифта шудаанд. Манбаъ мегӯяд, Наимҷон охири моҳи июл ҷаримаи таъиншуда дар ҳаҷми 49 ҳазору 880 сомониро ба буҷаи давлат пардохт карда, аллакай тайи ду ҳафтаи моҳи август боз ду бор қоидаи ҳаракатро вайрон намудааст: “Ҷаримаи маъмурии таъиншуда барои 2 далели нави қоидавайронкунӣ ҳанӯз пардохт нашудааст”.
Қаблан Вазорати умури дохилии Тоҷикистон иттилоъ дода буд, ки Қодиров Абдуҳалим Абдукаримович, ронандаи «Тойота-SEQUOIA», рақами давлатиаш 8008 АК 01, барои 238 ҳолати нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ 57 ҳазору 980 сомонӣ ҷарима пардохт кардааст. Қодиров Абдуҳалим раиси ширкати "Ёқут-2000"-ум, яке аз ширкатҳои маъруфи соҳаи нассоҷӣ мебошад. Ба иттилои ВКД "инчунин Орипов Маруфҷон Ҳусейнович, ронандаи «Тойота-Прадо» аломати қайди давлатиаш 2853 ВА 01 барои 146 далели қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ, 37 ҳазору 780 сомонӣ ҷаримаро ба буҷаи давлат ворид намудааст”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |