Ҳавопаймоҳои “Узбакистон ҳаво йулларӣ” омодаи парвоз ба Душанбеанд
Масъулини ширкати ҳавопаймоии “Узбакистон ҳаво йулларӣ” мегӯянд, ҳавопаймоҳои ин ширкат барои азсаргирии парвозҳои худ дар масири Тошканд-Душанбе омодаанд.
Валерий Тян, дабири кулли ширкати ҳавопаймоии давлатии Узбакистон дар суҳбат бо “Podrobno.uz” гуфтааст, “ҳавопаймоҳои мо омодаанд, ҳатто дар давоми соли равон парвозҳои худро дар масири Тошканд-Душанбе аз сар бигиранд”.
Ба гуфтаи раҳбари ширкати ҳавопаймоии давлати Узбакистон, ягона чизе ки ҳоло монеи азсаргирии парвозҳо дар ин масир шудааст, имзо нашудани созишномаи ҳукуматӣ миёни Тошканду Душанбе мебошад: “На ҳама чиз аз ширкатҳои ҳавопаймоӣ вобастагӣ дорад. Мо тасмим дорем, парвозҳоро дар масири Тошканд-Душанбе ҳатто дар давоми соли равон аз сар гирем. Вале барои ин бояд ҳукуматдорони Узбакистону Тоҷикистон зери як созишнома имзо гузоранд”.
Валерий Тян афзудааст, дар ҳоли ҳозир маълум нест, созишнома миёни Тоҷикистону Узбакистон кай имзо мешаваду парвозҳо дар масири Душанбе-Тошканд азсар гирифта хоҳад шуд.
Омадурафти ҳавоӣ миёни Узбакистону Тоҷикистон дар пайи ҷанги шаҳрвандӣ қатъ гардида, то ҳол барқарор нашудааст. Расонаҳои Узбакистон қаблан иттилоъ доданд, ки ширкати миллии “Узбакистон ҳаво йуллари” сар аз 29-уми марти соли равон бо ҳавопаймои Airbus A-320 ба парвозҳо дар хатсайри Тошканд-Душанбе-Тошканд оғоз хоҳад кард, аммо то ҳол накардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |