Бахшҳо

Ротиб Нурӣ: Мардум бадбахтии худро аз дасти Покистон медонанд

Сарони Ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон Покистонро дар содиқ набудан барои ҳамкорӣ ва ҳимоят аз террористон мутаҳҳам карданд. Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроияи ҳукумати Афғонистон ахиран гуфтааст, “сиёсатҳои давлати Покистон дар қиболи Афғонистон бар хилофи тамоми гуфтаҳо ва шиорҳоест, ки аз замони эҷоди Ҳукумати ваҳдати миллӣ дода буд”. Афзун бар ин, дирӯз, 13 август Шӯрои уламои Кобул бо судури як фатво алайҳи Покистон ҷиҳод эълон кард. Сайф Сафар, хабарнигори “Озодагон” дар суҳбате бо Ротиб Нурӣ, шореҳи сиёсии телевизиони “Тулӯъ” нахуст пурсид, ки фатвои Шӯрои уламои Кобул оё аз ҷониби дигар уламо низ ҷонибдорӣ пайдо мекунад ё хайр?

Ротиб Нурӣ: “Шӯрои уламои Кобул гирди ҳам омаданд ва ин фатворо содир карданд, ки ҷиҳод дар баробари Покистон фарзи айн, яъне сари ҳар кас фарз аст. Шӯрои уламои Афғонистон ҳанӯз нишаст баргузор накардааст ва агар чунин фатвое содир кунад, хеле асаргузор мебошад. Худатон огоҳ ҳастед, ки равобити Афғонистону Покистон хеле ҳассос аст”.

Озодагон: Агар уламои манотиқи дигари Афғонистон аз фатвои Шӯрои Кобул ҳимоят накунад, сабаби ҷудоӣ миёни уламои дин дар ин кишвар намешавад?

Ротиб Нурӣ: “На, фикр намекунам. Инҳо миёни ҳам ҳамоҳангӣ доранд. Шӯрои сартосарии уламои Афғонистон олимҳоеро, ки узви олии Шӯро ҳастанд, дар сартосари Афғонистон дар бар мегирад ва Шӯрои уламои Кобул дар ҳар ду вилояти Кобул аст. Вале, рӯйиҳамрафта байни ҳамдигар ҳамоҳангӣ доранд. Масъалаи дигар ин аст, ки ин як оғоз аст. Вақте ки аз Кобул оғоз шуд эҳтимол дорад, дар як вилояти дигар низ уламо фатво бидиҳанд ва билохира шояд Шӯрои сартосарӣ мавқеи худро эълон бикунад”.

Озодагон: Чаро саранҷом ба ин натиҷа расиданд, ки чунин фатворо содир бикунанд, коре ки то ин вақт накарданд?

Ротиб Нӯрӣ: “Ин кор пас аз мавқеи раисиҷумҳур Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, ки гуфт, дар даҳ моҳи гузашта Покистон дар роҳбурди худ дар қиболи Афғонистон содиқона амал накард ва ваъдаҳоеро, ки дод танҳо ҳарф буду амалӣ нашуданд, сурат гирифт. Бар бунёди асноде, ки ба дасти амнияти миллӣ афтода буд, гуфта шуд, тавасути шабакаи Ҳаққонӣ ва кумаки мустақими низомиёни покистонӣ ва идораи истихборотии Покистон ин амалот ба роҳ андохта шуд ва ин нишон медиҳад, ки Покистон содиқ нест. Аз сӯи дигар ҳам марги Мулло Муҳаммад Умар дар Покистон ва таҷамӯи бузурги раҳбарони “Толибон” ва касоне, ки дубора “амиралмӯъминин”-и худро Мулло Муҳаммадахтари Мансур интихоб карданд, раванди судури фатворо тезонд.

Дидани олимони покистонӣ мисли Мавлоно Самеъулҳақ, раҳбари Ҷамъияти уламои Ислом ва бо раҳбари “Толибон” ва миёнҷигарияшон ба хотири дубора мутаҳид шудан низ сабаб шуд, ки билохира ҳукумати Афғонистон дар баробари Покистон як мавқеи ҷиддитар бигирад ва садои худро баланд кунад. Ин ҳама нишон дод, ки Покистон нисбати ҳукумати Афғонистон содиқона амал намекунад, ба “Толибон” иҷоза медиҳад таҷамӯоти бузург дошта бошанд ва иҷоза медиҳад захмиёнашонро дар шифохонаҳояш табобат кунанд. Ба ҳамин иллат, мардуми Афғонистон ва олимони дин тақрибан ҳама аз мавқеи раисиҷумҳур Ғанӣ ҳимоят карданд. Ҳатто, дар Афғонистон мардум дар бештари маврид аз хариди колои покистонӣ худдорӣ мекунанд”.

Озодагон: Яъне, ин амалкарди Шӯрои уламои Кобул бо ҳукумат ҳамоҳанг аст?

Ротиб Нӯрӣ: “Бале, ин тасмим дифое аз мавқеи ҳукумат аст ва фикр мекунам шояд ин фатво ба гуфтаи ҳукумат содир шуда бошад”.

Озодагон: Парлумони Афғонистон дар мавриди ин фатво кадом вокунише карда ё хайр?

Ротиб Нурӣ: “Парлумони Афғонистон феълан дар давраи рухсатӣ аст. Аз ин хотир наметавон мавқеи парлумонро дар ин маврид ташхис кард, чун онҳо ҳеч эъломия ҳам надодаанд ва ҳайати идориашон бо ҳам нишаст надоштаанд. Аммо ба гумони ғолиб онҳо низ аз мавқеи ҳукумат дифоъ мекунад, чун мардуми Афғонистон дар баробари Покистон хеле ҳассосанд. Мардум бадбахтии худро аз дасти Покистон медонанд ва ба ҳамин далел ҳар масъалае, ки дар баробари Покистон мебошад, мардуми Афғонистон дар ӯ якдаст ҳастанд”.

Озодагон: Нигоҳи мардум ба мавқеъгириҳои ахири раисиҷумҳур Ғанӣ дар баробари Покистон чӣ гуна буд?

Ротиб Нурӣ: “Мардум аз ин мавқеъгириҳои раисиҷумҳур хеле истиқбол карданд, чун хеле куштаву захмӣ доданд. Дар вилояти Балх Ато Муҳаммад Нур гуфта, ки аз тавлидоти покистонӣ истифода нашавад. Ин кор ба шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам рафт ва мардум бовар доранд, ки аз ин тариқ ба Покистон зарба бизананд”.

Озодагон: Ҷониби Покистон ба ин фатво ҳеч кадом вокунише нишон додааст?

Ротиб Нурӣ: “Покистон дар мавриди фатвои Шӯрои уламои Кобул ҳанӯз ҳеч вокунише нишон надодааст. Вале дирӯз як ҳайат ба шумули вазири умури хориҷа, раиси умумии амнияти миллӣ ва намояндагони вазорати дифои миллӣ ба Покистон рафтанд. Ин ҳайат бо мушовири амнияти милли Покистон дидор кардаанд ва ҷониби ин кишвар мисли ҳамеша ваъдаҳое дода ва пас аз омадани ин ҳайат ба Афғонистон маълум мешавад, ки то кадом андоза гуфтугуҳо ҷиддӣ сурат гирифтаанд”.

Озодагон: Метавон гуфт, ки бо ин мавқеъгириҳои ахири ҳам раиси иҷроияи Ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон ва ҳам раисиҷумҳур ва инак фатвои Шӯрои уламои Кобул, дигар душманӣ бо Покистон таъриф шуд?

Ротиб Нурӣ: “Душаманӣ бо Покистон замоне маълум мешавад, ки ин кишвар тасмими худро бигирад. Раисиҷумҳур Ғанӣ гуфт, тасмими Созмони иттилооти низомии Покистон (ISI) дар робита ба роҳбурдаш дар қиболи Афғонистон таъйинкунандаи сарнавишти даҳаҳои ояндаи равобити Афғонистон бо Покистон аст. Чун Покистон барои 14 сол дар як ҷанги эъломношуда дар баробари Афғонистон қарор доштааст. Ин бор Покистон ногузир аст роҳбурду мавқеи худро мушаххасан дар баробари Афғонистон рӯшан бисозад. Замоне ки ин кор сурат гирифт, сарнавишти равобити ин ду кишвар маълум мешавад”.

Озодагон: Он корзори дасткашӣ аз хариди молу колои Покистон як ҳаракати худҷӯш аст ё тасмими мақомот?

Ротиб Нурӣ: “Он тасмими мардум бо кумаки шабакаҳои иҷтимоӣ ба роҳ андохта шудааст”.
Мӯҳр
Чурабек
Афгонистон худ як кишвари дастнигар ва заиф аст. Хохад йо нахохад бояд бо Покистон муносибатхояшро нагз кунад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)