Номаи табрикии Э.Раҳмон ба Муҳаммад Навоз Шариф
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо ирсоли як нома унвонии Муҳаммад Навоз Шариф, сарвазири Покистон ӯ ва мардуми ин кишварро ба муносибати Рӯзи истиқлол табрик кардааст. Дар ин бора дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон хабар дода мегӯяд, номаи табрикӣ имрӯз, 14 август ирсол шуд.
Дар ин мактуб аз ҷумла гуфта шудааст: “Ба Шумо, ҷаноби сарвазир, сиҳҳатии комил ва баҳри шукуфоии кишвари дӯсти Покистон пирӯзиҳои нав ба нав, ва ба мардуми бародари он - пешрафт, саодат ва амну амонӣ орзумандам”.
Манбаъ мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон дар идома изҳор дошта, ки Покистон дар солҳои охир ба комёбиҳои зиёд дар ҳама арсаҳо дастёб шуда, дар равандҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ширкати фаъол дорад: “Оғоз гаштани раванди дар Созмони Ҳамкориҳои Шанхай узвияти комил пайдо намудани Покистон шоҳиди возеҳи ин гуфтаҳост ва мо чун дӯстони ҳақиқӣ аз он қаноатманд ва хушнудем. Пайвандҳои таърихии кишвару миллатҳои мо аз қаъри қарнҳои қадим маншаъ мегиранд, ки онҳо зербинои мустаҳками равобити муосири кишварҳои моро ташкил медиҳанд”.
Эмомалӣ Раҳмон дар барқияи табрикии худ гуфтааст, бо камоли қаноатмандӣ изҳор медорад, ки дар солҳои ахир робитаву муносибатҳои анъанавии дӯстонаи ҳарду кишвар дар ҳамаи арсаҳои мавриди таваҷҷуҳ сатҳ ва мазмуни баланд касб намуданд. Ба иттилои манбаъ, раисиҷумҳури кишвар қайд намудааст, ки “итминони комил дорам, ки тавофуқоти дар сатҳи олӣ ҳосилгардидаи мо зимни сафарҳои Шумо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон комилан амалӣ гардида, ҷавобгўи ормонҳои мардумони мо мегарданд ва ба нафъи халқҳои мо, субот ва амнияти минтақаю ҷаҳон хидмат хоҳанд кард”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |