Бахшҳо
17 окт 2011 07:11Гузориш

Хирсе, ки дар Душанбе даст меканад ва ё парвандаи тӯлкашидаи «Шнягин»

«Боғи ҳайвонот»-и Душанбе ба оилаи Шнягин 20 ҳазор доллари ИМА   пардохт кард, як муддат ҳам аз ин сабаб буҷаи боғ бепул монд. Камбуди молӣ бойиси он гашт, ки ҷонварон бе ғизо монанд, чанд ҳайвон аз гуруснагӣ фавтид.   Ҳоло Олга Кострикова даъво дорад, ки ба ӯ маблағи иловагӣ пардохт намоем, ҳар як одам беэҳтиётӣ карда ба асаби ҳайвон расаду боғи ҷонварон ба онҳо ҷуброн пардохт кунад?»,- суол мекунад Ғаффоров.

Додгоҳи ноҳияи Сино баррасии дубораи парвандаи Елизавета Шнягинаро, ки чанд сол қабл дар боғи ҷонварони Душанбе мавриди ҳамлаи хирс қарор гирифта, аз як даст маҳрум шуда буд, ба таъхир гузошт. Падари ҷабрдида- Игор Шнягин барои ҷуброни моддиву маънавӣ маротибаи дуюм аз муассисаи «Боғи ҳайвонот»-и Душанбе ба миқдори 118 ҳазору 872 сомониву 30 дирам рӯёнидан мехоҳад.   Зимнан, суди ноҳияи Синои пойтахт ба хулосае расид, ки пас аз маълум шудани натиҷаи ниҳоии ташхиси суди тиббӣ ба ин қазия расидагӣ кунад. Додгоҳи мазкур ба экспертони вазорати тандурустӣ супориш дод, ки давоми 10 рӯз ташхис гузаронида, муайян намоянд, ки барои сохтани як дасти сунъӣ дар Тоҷикистон чӣ миқдор маблағ зарур аст ва агар ин амал дар Русия сурат пазирад, чанд пул масраф хоҳад шуд.

Эҳтиёт ними ҳаёт аст

Дар ҳамин робита,  Хайрулло Ғаффоров, намояндаи боғи ҷонварон пас аз мурофиаи додгоҳӣ ба хабаргузории «Озодагон» гуфт: «Боғи ҳайвоноти Душанбе  муваззаф нест, ки барои даъвои падари Елизаветта пул пардохт кунад. Аввалаш, барои тамошои ҳайвонот дар ин ҷо қоида ва талаботҳои махсус ҳастанд, ки риояи онҳо шарти ҳатмист. Дар назди ҳар як ҳайвон навишта шудааст, ки аз панҷара дарун надароед, ба ҷонварҳо хӯрок додан қатъиян манъ аст. Аз ҷое, ки ҳайвоноту паррандаҳоро тамошо мекунӣ, ҳадди аққал 4 метру 80 сантиметр масофа мавҷуд аст ва марзи табуи умур як-якуним метр баландӣ дорад. Ягон кӯдак наметавонад, ки ин баландиро барояд ва иродаи баромадан ҳам намекунад. Аммо, падари духтар (Игор Шнягин дар назар аст) фарзандашро бо 5 кило хӯрок ба назди қафаси хирс гузаронидааст. Елизаветта тавассути ёрдами падараш гузашта ба  хирс  ғизо медиҳад ва бар асари наздикшавӣ ба чанголи ҳайвон меафтад. Хирс ба монанди сагу гурба ҳайвони хонагӣ нест, ки дастмолаш кунӣ ва навозишро фаҳмад. Вақте ки падар бо духтараш ба тамошои боғ омадааст, пас масъулияти назорати фарзандаш ҳам ба дӯши ӯст.Игор Шнягин дар ҳолати мастӣ духтарашро ба назди панҷараи ҳайвони дарранда ворид кардааст. Агар хирс аз қафас мебаромаду ҳуҷум мекард, ин дигар чиз буд, яъне дар ин ҳолат даъвои инҳо асос медошт». Ғаффоров афзуд, ба замми ин падари Елизаветтаро аснои ворид шудан ва харидани чипта дар назди дар огоҳ кардаанд, ки дар ҳолати мастӣ даромадан ба боғи ҳайвонот манъ аст, аммо Игор гӯш накардааст.

Ду ҷониб ҳанӯз ҳам даъво доранд

-Ман ҳамчун намояндаи боғи ҷонварон  то ҳол ба ҳалномае, ки  додгоҳи ноҳияи Сино ба манфиати даъвогар хонум Кострикова  соли 2009 ҳукм баровард, розӣ нестам. Ба ӯ аз ҷониби «Боғи ҳайвонот» 20 ҳазор доллари ИМА   пардохт карданд, як муддат буҷаи боғ бепул монд. Аз ин сабаб ҳайвонҳо чанд вақт бе ғизо монданд, чанд ҷонвари дигар аз гуруснагӣ фавтид,- мегӯяд Ғаффоров. «Дар боғҳои ҷонварони Федератсияи Русия дар чанд соли ахир шаш ҳодисаи нохуш рух додааст, аммо ягонтои он ба манфиати даъвогарон ҳал нашудааст, зеро худи тамошогарон қоида ва шартҳои мавҷударо риоя накардаанд. Ҳоло боз ин хонум- Олга Кострикова даъво дорад, ки ба ӯ маблағи иловагӣ пардохт намоем, ҳар як одам беэҳтиётӣ карда ба асаби ҳайвон расаду боғи ҷонварон ба онҳо ҷуброн пардохт кунад?»,- суол мекунад Ғаффоров.

Олга Кострикова: Ман далел дорам

Масъулини «Боғи ҳайвонот»-и пойтахт иброз медоранд, ки шурӯъ аз соли 2006 то ин замон даъвогари асосӣ, падари Елизаветта- Игор Шнягин, ки афсари пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон аст, ба мурофиаи додгоҳӣ наомадааст. Олга Кострикова, ки дар ҳузури хабарнигорон сӯҳбат мекард, қазияро ба таври зайл шарҳ дод: «Моҳи майи соли 2006 Елизаветта ҳамроҳи падараш ба тамошои боғи ҷонварон омад. Ҳангоми тамошо ба назди катаки хирс меоянд, ки панҷараи ҳифозатии якунимметра кушода аст ва тамошогарон роҳат метавонистанд ба назди қафаси дарранда даромада, ба ӯ хӯрок диҳанд. Духтари ман ҳам ба он ворид шуда, хостааст, ки ба ҷонвар як пора нон дароз кунад, аммо хирс аз паси панҷара дасташро бароварда, барои нон дасти рости духтарамро аз китфаш чанг зада гирифтааст. Пас аз кандани дасти  Елизаветта ягон корманди боғ наомаданд, ки дасти кӯдакро аз пеши хирс гирад. Хирс мисли баҳмут нест, ки дар як лаҳза дастро фурӯ барад. Агар масъулини боғ дастро аз назди хирс мегирифтанд, мо имкон доштем, ки онро дубора ба фарзандам бо кӯмаки мутахассисони ботаҷриба пайванд созем». Кострикова ҳамчунин гуфт, дар асоси санадҳои ташхисию пизишкӣ Елизаветта дар беморхона муолиҷа гирифт, барои дар кадом поя қарор доштани вазъи сиҳатии ӯ бо фармони вазири тандурустии Тоҷикистон комиссияи вижа санҷиш гузаронд, ин актҳо ҳоло ҳам дар дасти манн маҳфузанд.

-Духтарамро дар Русия ҷарроҳӣ ва табобат кардем, барои исботи ин низ ҳамаи ҳуҷҷатҳо ҳастанд. Ҳоло ӯ маъюби гурӯҳи 2-юм аст, ки Русия инро эътироф кардааст, зеро Елизаветта шаҳрванди Тоҷикистон нест. Ҳоло Елизавета барои худ худ хӯрок пухта наметавонад, либосҳояшро ҳам бо кӯмаки манн мепӯшад, барояш ёрдамчӣ зарур аст, аммо мо барои ин пул надорем,- идома медиҳад Кострикова.     «20 ҳазор долларе, ки  «Боғи ҳайвонот»-и Душанбе ба мо дар муддати як сол кам-кам пардохт кард, ҳатто барои сохтани як дасти сунъӣ нарасид.Пас аз он ҳодисаи номатлуб кормандони боғ ҳатто панҷараҳои шикастагӣ ва деворҳои ҳифозатиро таъмиру барқарор накарданд, охир ман модарам, намехоҳам, ки ин рӯзи бад ба сари дигарон ояд. Журналистон ва кормандони судро ба боғ даъват кардам, ки бубинанд, боғи ҳайвонот дар чӣ ҳолат қарор дорад. Пас аз ин даъвои ман, инҳо кафшергар оварда, панҷараҳои вуҷуднадоштаро кафшер карданд. Кострикова мӯътақид аст, ки аз дохили парвандаи ҷиноӣ расму наворҳоро, ки ҳамчун далели раднашаванда гирд оварда буд, касе нобуд кардааст. Ӯ мегӯяд, албатта ин ба нафъи ҳамон касест, ки онҳоро нест кардааст. Модари Елизавета афзуд, дар ҳар кунҷи канори дигари олам ҳайвонотеро, ки ба одам ҳамла карда, инсонро захмӣ мекунад, маҳв месозанд, аммо ин хирс қабл аз духтари ман 5-6 нафари дигарро нимз ҷароҳатнок кардааст, аммо то имрӯз зиндаву саломат дар боғ нигоҳубин мешавад. «Шунидам, ки агар даррандаи ваҳшӣ як бор лаззати гӯшту хуни одамро чашад, одат мекунад ва ин амалаш ба одат табдил меёбад»,- илова кард модари Елизаветта. Аз ин рӯ назди худ қавл додам, ки гунаҳкоронро ба ҷавобгарӣ кашам, то модарони дигар ранҷу азоб набинанд.

Хонум Кострикова дурӯғ мегӯяд?

Аммо суоли хабарнигорон аз модари Елизаветта ин буд, ки бо гузашти беш аз 5 сол аз он ҳодиса чаро духтараш соҳиби дасти сунъӣ нашуда?

-Пуле, ки аз ҷониби «Боғи ҳайвонот» ҷудо гардида буд, қисм-қисм бароямон пардохт шуд, аз ин рӯ имкони молии тайёр кардани дасти сунъиро наёфтем, посух дод Олга Кострикова.

Дар ҳамин ҳол, намояндаи муассисаи мазкур Хайрулло Ғаффоров суханҳои модари Елизаветтаро инкор карда гуфт: «Ин ҳама бофтаи худи Кострикова аст, ӯ пулро якбора ва яклухт гирифтааст». Барои тасдиқи гуфтаҳояш ҷаноби Ғафффоров ба рӯзноманигорон баёноти даъвогарро нишон дод, ки дар он аз дасти худи Кострикова навишта шудааст, пулро яклухт аз бонк гирифтааст.

РS: Елзиветта Шнягинаи 11-сола (ҳоло ӯ ба 16 қадам гузоштааст), моҳи майи соли 2006 ба тамошои «Боғи ҳайвонот»-и Душанбе меояд ва дар ин мавзеъ мавриди ҳамлаи хирс қарор мегирад. Игор Шнягин, падари ҷабрдида ба додгоҳ муроҷиат карда, барои ҷуброни зарари моддиву маънавии фарзанду    хонаводааш ҷарима талаб кард. Додгоҳи Синои пойтахт даъвои ӯро қонеъ сохта, ба маблағи 20 ҳазор доллар зарарро аз ҳисоби боғи мазкур рӯёнда дод, ба ҷуз ин собиқ сарвари муассиса- Муҳаммадҷон Мирзоевро бо иттиҳоми бемасъулиятӣ барои 5 соли ҳабс ҳукм эълом кард. Аммо бо такя бо қонун «Дар бораи афв», ки моҳи августи соли равон аз сӯи президенти Тоҷикистон ба имзо расид, номбурда ба озодӣ баромад.

Мавзуна Абдуллоева{jathumbnail off}

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)