Шӯрои уламои Кобул: “Дар Покистон ҷиҳод фарзи айн аст”
Аъзои Шӯрои уламои Кобул бо судури як фатво дар баробари Покистон ҷиҳод эълон кардаанд. Ба иттилои расонаҳои Афғонистон, ин фатво панҷшанбеи 13 август содир шудааст.
Расонаҳо мегӯянд, аъзои Шӯрои уламо бо роҳандозии як гирдиҳамоӣ дар минтақаи Шоҳи шаҳиди Кобул, ҷойе, ки як ҳафта пеш маргбортарин инфиҷор рух дод, гирдиҳамҳоӣ баргузор карданд. Уламои Афғонистон Покистонро ба даст доштан дар ҳамлаҳои ахири кишварашон мутаҳҳам медонанд. Мавлавӣ Абдулбасир Ҳақонӣ, раиси Шӯрои уламои Кобул дар гирдиҳамҳоии дирӯз гуфтааст: “Як пайём ба намояндагӣ аз Шӯрои уламои Кобул барои муллоҳои Покистон дорам, ки шумо фатвои ҷиҳодро ба хотири куштани афроди бегона дар Афғонистон содир кардед. Фатвои мо аз имрӯз ин аст, ки дар Покистон ҷиҳод фарзи айн аст ва он гуруҳҳое, ки дар Покистон ҷиҳод мекунанд мо бо ишон истода ҳастем ва онҳоро ҳимоят мекунем”.
Аъзои Шӯрои уламои Кобул гуфтаанд, ҳозиранд, то дар ҷиҳод алайҳи Покистон дар канори неруҳои амниятӣ қарор бигиранд ва аз онҳо ҳимоят кунанд. Азизуллоҳ Яктан, як узви шӯро гуфтааст, “ба хотири Ислом, ба хотири дин ва ризои Худо ва рифоҳи башарият омода ҳастем тамоми сарҳои худро дар сангариҳои ҷиҳод, дар сангарҳои дифоъ аз ҳарими арзии ин кишвар аз даст дода, таслими ҳеч кас нашавем”.
Ин фатво дар ҳоле содир шудааст, ки як ҳафта пеш дар мавзеи Шоҳи шаҳиди Кобул инфиҷори бузурге ба вуқӯъ пайваст, ки ҳукумат ва уламои Афғонистон Покистонро ба даст доштани дар он мутаҳҳам кард. Акс аз торнамои khaama
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |