ВКД: Ронандаи “Лексус-RX270” барои нақзи қоидаи ҳаракати роҳ 13720 сомонӣ ҷарима пардохт

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ронандаи мошини тамғаи “Лексус-RX270” барои 55 далели вайрон кардани қоидаи ҳаракат дар роҳ ба буҷаи давлатӣ 13720 сомонӣ пардохт кардааст.
Бино ба иттилои торнамои вазорат, воситаҳои махсуси техникии Маркази низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт -- “Шаҳри бехатар” аз 2 ноябри соли 2013 то 8 октябри соли 2014 - 55 далели нақзи қоидаи ҳаракат дар роҳҳои Душанберо аз сӯи “Лексус-RX270” аломати қайди давлатиаш 8568 ВВ 01 сабт кардааст: “Вобаста ба 55 далели қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ, расмҳои сабти видеоии ҳолати ҳуқуқвайронкунӣ ва амрномаҳои намунаи муқарраргардида бо зикри андозаи ҷаримаи маъмурии таъиншуда чоп карда шуда, ба соҳиби воситаи нақлиёт барои пардохти ҷаримаи маъмурӣ пешниҳод карда шудааст. Маблағи ҷаримаи маъмурии таъиншуда 13720 сомонӣ, тавассути шӯъбаи Бонки давлатии амонатгузории “Амонатбонк” ба Буҷети давлатӣ гузаронида шуда, аз тарафи соҳиби воситаи нақлиёт Беҳрузи Абдуқодирӣ ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти маблағи ҷарима ба РБДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудааст”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |