Як сокини шаҳри Сарбандро дар толори мусофирони истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Қурғонтеппа ғорат кардаанд.
Ба «Озодагон» аз ВКД гуфтанд, ки яғмогар аз сокини 33 солаи шаҳри Сарбанд сумкачаи дасташро рабудааст. Дар дохили он гӯшвори тиллоӣ бо арзиши 2000 сомонӣ будааст. Дар натиҷаи гузаронидани амалтиёт аз ҷониби кормандони милиса бо гумони ғоратгарӣ Гулруҳсор Сайфоваи 29 сола, сокини ноҳияи Бохтар дастгир шудааст. Дар робита парванда боз шуда, тафтишот идома дорад.{jathumbnail off}
Мӯҳр