Мақомоти умури дохилии Маскав аз боздошти як гуруҳи 3 нафараи зодагони Қафқоз ва Осиёи Марказӣ, аз ҷумла як шаҳрванди Тоҷикистон хабар доданд, ки дар қасди таркондани банкомат айбдор мешаванд.
Тибқи иттилоияи Вазорати умури дохилии Русия, ки субҳи имрӯз, 13-уми август нашр шудааст, боздоштшудагон бо истифода аз омехтаи газӣ талош доштаанд, банкомати ҳомили 10 миллион рублро дар кӯчаи генерал Белови ҷануби Маскав тарконда, маблағро гиранд: “Муттаҳамон, ки аз 27 то 39 сол доранд, дар ҷои ҳодиса аз ҷониби маъмурини пулис боздошт гардиданд. Ду нафарашон сокини шаҳри Маскав ва як нафар шаҳрванди Тоҷикистон мебошад”.