Суҳбати Аслов бо директори минтақавии Бонки Ҷаҳонӣ
Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо Сароҷ Кумар Ҷа, директори минтақавии Бонки Ҷаҳонӣ дар Осиёи Марказӣ мулоқот кардааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти вазорат, ин вохурӣ рӯзи 12 август дар шаҳри Душанбе баргузор шудааст.
Ҷонибҳо дар ин вохурӣ масоили вобаста ба ҳамкории ин ниҳоди пулии ҷаҳонӣ бо Тоҷикистон, аз ҷумла тадбиқи лоиҳаҳои муштаракро баррасӣ кардаанд.
Дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии кишвар афзудааст, ки раҳбари ин ниҳод бо директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ масоили вобаста ба дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва густариши минбаъдаи ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва ин ниҳодро муҳокима намудаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |