Мавзунаву Шоира аз Чин бо медалҳои биринҷӣ бармегарданд
Мавзуна Чориеваю Шоира Зулқарнаева дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба бокс миёни занҳо мақоми сеюмро гирифтанд.
Ин ду варзишгари ҷавони тоҷик дар даври ниманиҳойӣ мағлуб шуда, аз идомаи сабқат маҳрум шуданд. Мавзуна дар рақобатҳо дар вазни то 60 кило рақибонаш аз Шри-Ланка ва Узбакистонро мағлуб сохта, дар нимфинал аз муштзани Кореяи Шимолӣ шикаст хӯрд. Шоира дар вазни зери 64 кило дар даври муқаддамотӣ рақиби муғулашро шикаст дода, аммо дар даври ниманиҳоӣ аз варзишгари Чин ноком шуд.
Ҳайати дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба бокс, ки дар шаҳри Уланчаби Чин ҷараён дорад, аз чор варзишгар иборат буд. Дилафрӯз Зафарова (48 кг) ва Рухшона Раҳмонзода (54 кг) дар даврҳои муқаддамотӣ шикаст хӯрданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |