Даъвати гузоришгари вижаи СММ аз Тоҷикистон: Кодекси нави обро қабул кунед
Лео Хеллер, гузоришгари вижаи Созмони миллали муттаҳид аснои як сафар ба Тоҷикистон аз дастрасӣ ба оби ошомиданӣ ва вазъи беҳдошт изҳори нигаронӣ карда, аз ҳукумат хостааст, барои мардум дар се замина шароитҳои хубтаре фароҳам биёварад.
Хеллер баъд аз анҷоми боздид дар гузорише Тоҷикистонро дорои захираҳои зиёди об дониста, таъкид мекунад, ҳукумат бояд бо фароҳам кардани дастрасӣ ба об ва беҳбуд бахшидан ба вазъи санитарияву гигиена пешгом бошад.
Ин намояндаи СММ дар гузориши худ аз ҷумла гуфтааст: “Камбуди об дар манотиқи дурдаст мунҷар ба густариш ёфтани бемориҳои домана ва тиф шудааст. Мушкилиҳо дар масоили об, беҳдошт ва гигиена ҳанӯз дар муассисаҳо боқӣ мондааст, ки сабаби душвориҳо дар пешгирӣ кардани сироят дар беморхонаҳо ва мактабҳо мешавад. Тоҷикистон бояд аз масъулиятҳои худ дар мубориза бо мушкилиҳои об ва санитария канорагирӣ накунад. Ҳукумат бояд дар фароҳам кардани хадамоти об барои қишри камбизоат ва осебпазир кафолат диҳад”.
Лео Хеллер дар идома аз парлумони Тоҷикистон даъват кардааст, бо қабули кодекси нави об, “ҳуқуқи инсонро ба обу беҳдошт таъмин кунад”.
Дар гузориш ҳамчунин таъкид мешавад, дар манотиқи рустоӣ бештар аз 90 дарсади мардум аз ҳоҷатхонаҳои дастсохти кӯчагӣ истифода мекунанд: “Одамоне ки бо онҳо суҳбат кардам, мегуфтанд, баъди он ки ҳоҷатхонаҳо пур мешаванд, онҳоро баста, ҷои дигар аз нав чоҳ мекананд, чун тоза кардани ҳоҷатхонаҳои пуршуда маблағи зиёд талаб мекунад”. Ӯ аз ҳукумати Тоҷикистон даъват карда, дар ин масъала низ бояд таваҷҷуҳ намояд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |