Дар Кӯлоб барои нахустин бор дар замони соҳибистиқлолӣ мактаб барои тарбияи хонандагони душвортарбия ифтитоҳ ёфт.
Тибқи иттилои вазорати маориф, мактаби рақами 4-и шаҳр, ки бо иллати камбуди дарсхонаҳо ва утоқҳои таълимӣ соли гузашта баста шуда буд, ҳамакнун бо номи маркази таҳсилоти иловагӣ дари худро ба рӯи шогирдони тарбияаашон душвор боз кард.Нусратулло Ғайюров, ҷонишини директори маркази номбурда аснои ташреҳи хабар ба «Озодагон» гуфт, дар ҳамкорӣ бо мактабҳои дигари таҳсилоти ҳамагонии шаҳри Кӯлоб 1060 тан аз шогирдоне, ки дар ин мактабҳо дар дарсҳо ширкат накарда ва бо ҳамсолони худ ҷанҷолу муштзанӣ мекарданд, дар Маркази таҳсилоти иловагӣ ба омӯзишу тарбия фаро гирифта шудаанд.
Гуфта мешавад, дар ин марказ ба ҷуз таҳсил шогирдон дарсҳои ҳунаромӯзир низ таълим мегиранд. Феълан барои марказ 6 мошинаи дарздӯзӣ, таҷҳизот барои пухтани нон ва омода сохтани ғизо харидорӣ шудааст.{jathumbnail off}
Мӯҳр