Лағви парвозҳо аз Украина ба Туркманистон
Ширкати ҳавопаймоии давлатии Украина тасмим гирифта, аз 16 августи соли равон парвозҳои хатсайри Туркманистон-Киевро лағв кунад.
Дафтари матбуоти ширкати ҳавопаймоии Туркманистон -- “Туркменховаёллари” гуфтааст, 27-уми июл миёни Туркманистон ва Украина протоколе ба имзо расид, ки бар асоси он ҷонибҳо барои фаъолияти ҳамешагии хатти парвоз алоқамандӣ нишон додаанд. Аммо ҷониби Туркманистон то ҳол ба “Ширкати байналмилалии ҳавопаймоии Украина” иҷозатномаи иҷрои парвоз дар самти Киев-Ашқободро насупурдааст.
Ба ин тартиб, ширкати ҳавопаймоии Украина гуфтааст, ин амалкарди ҷониби Туркманистон муғойири қарордоди ҳукуматҳои ин ду кишвар дар умури ҳавопаймоӣ аст, ки соли 1993 ба имзо расидааст: “Ширкати ҳавопаймоии давлатии Украина ҳуқуқ дорад, ки парвози Киев-Ашқободро лағв кунад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |