“Қирғизу қазоқ пайванди хешовандӣ доранд ва миёни онҳо набояд гумрук бошад”
Имрӯз дар марзи Қирғизистону Қазоқистон идораи назорати гумрук гирифта шудааст.
Дар маросими боз кардани марзҳои ин ду кишвар Темир Сариев, нахуствазири Қирғизистон ва Бахитжан Сагинтаев, муовини аввали нахуствазири Қазоқистон иштирок доштаанд.
Ин дар ҳолест, ки имрӯз, 12 август раисони ҷумҳурии ин ду кишвар дар шаҳри Чолпон-Отаи Қазоқистон дидор карданд. Раиси ҷумҳури Қирғизистон -- Алмосбек Отамбоев гуфтааст, “ман фикр мекунам қирғизу қазоқ пайванди хешовандӣ доранд ва миёни онҳо набояд гумрук бошад. Ман сипосгузори Худованд ва тақдирам ки дар ин рӯзи таърихӣ дар ҳузури ингуна одам ҳастам”,-гуфтааст Алмосбек Отамбоев.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |