Сафирони Ҳиндустону Туркия Тоҷикистонро тарк мекунанд
Сафирони Туркия ва Ҳиндустон дар Тоҷикистон ба хотири анҷоми ваколати дипломатии худ шаҳри Душанберо тарк мекунанд.
Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон Меҳмет Мӯнис Дирик - сафири Туркия ва Аситх Кумар Бхаттачарҷӣ – сафири Ҳиндустон дар Душанберо ба хотири анҷоми ваколати дипломатияшон ба ҳузур пазируфтааст.
Ин дипломатҳои хориҷӣ дар суҳбат бо Расулзода изҳори боварӣ кардаанд, ки дар оянда низ равобити кишварҳои худ бо Тоҷикистон рушд хоҳад ёфт.
Меҳмет Мӯнис Дирик аз моҳи декабри соли 2010 то ҳол ба ҳайси сафири Туркия дар Тоҷикистон кор мекард ва ҳоло ба ҷои ӯ Озтурк Йилмоз, собиқ консули ин кишвар дар шаҳри Мавсили Ироқ таъйин шудааст.
Аситх Кумар Бхаттачарҷӣ низ аз соли 2010 ба ин сӯ ба курсии сафири Ҳиндустон дар Душанбе такя зада буд ва ҳоло ин курсии дар ихтиёри Бираҷа Прасад, консули пешини ин кишвар дар Русия гузошта шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |