Бахшҳо

“Шаҳри бехатар”: Қоидавайронкуниҳои Фарзона, Шабнам, Афзалшоҳи Шодӣ ва дигар ситораҳо...

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз қоидавайронкуниҳои ситораҳои эстрадаи тоҷик -- Шабнами Сурайё, Фарзонаи Хуршед, Афзалшоҳ Шодиев, Меҳрнигори Рустам, Шаҳроми Абубакр, Гулрӯ Табарова ва Сарвиноз Юсуфӣ хабар додааст, ки тариқи дурбинҳои “Шаҳри бехатар” ба қайд гирифта шудаанд.

Тавре аз ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ доданд, аз ҷониби ронандаи автомашинаи "Рэнҷ–Ровер" аломати қайди давлатиаш 0007 ВР 01, ки ба Фарзонаи Хуршед тааллуқ дорад, аз 15 ноябри соли 2013 то 23 июни соли 2015, 23 далели вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ содир шуда, тавассути воситаҳои махсуси техникии низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт сабт гардидааст: “Барои 18 ҳолат Фарзонаи Хуршед 4990 сомонӣ ҷаримаро ба буҷаи давлат супорида, ҷарима 5 ҳолати дигар ҳанӯз пардохт нашудааст”.

Ба иттилои манбаъ, бо автомашинаи тамғаи "Порше-Кайэн" аломати қайди давлатиаш 0008 ВВ 01, ки ба Шабнами Сурайё тааллуқ доштааст, аз 01 феврали соли 2014 то 04 августи соли 2015, 8 ҳолати нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ содир гардидааст, ки ҷаримаи он то ҳол пардохт нагардидааст.

Ин ниҳод афзуд, Афзалшоҳ Шодиев низ бо автомашинаи тамғаи "Тойота-Лэнд Круйзер" аломати қайди давлатиаш 6262 АС 01 аз санаи 03 ноябри соли 2013 то 07 августи соли 2015, 27 бор қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон намудааст: “Барои 12 далели қоидавайронкунӣ 2560 сомонӣ ба буҷаи давлат супорида шуда, ҷарима 15 далели боқимонда ҳанӯз пардохт нашудааст”.

Шаҳроми Абубакр бо автомашинаи "Тойота-Королла" аломати қайди давлатиаш 0010 СО 01 аз 23 октябри соли 2014 то 02 июли соли 2015 дар 15 ҳолат ба қоидавайронкунӣ роҳ додааст: “Барои 4 далели қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ, Шаҳроми Абубакр 700 сомонӣ пардохт карда, маблағи 11 далели дигар ҳанӯз ба буҷаи давлат ворид нашудааст”.

Инчунин бо иштироки "Лексус-GX470" аломати қайди давлатиаш 7111 AD 01, ки ба Гулрӯ Табарова тааллуқ дорад, аз 25 январ то 07 июни соли 2015, 3 далели вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ сабт шудаанд, ки маблағи он ҳанӯз пардохт нагардидааст.

Меҳрнигори Рустам, овозхони ҷавони тоҷик низ, ки соҳиби "Тaйотоа-Королла", аломати қайди давлатиаш 6600 АТ 01 мебошад, аз санаи 02-юми ноябри соли 2013 то 01 августи соли 2015, 19 бор қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон намудааст: “Барои 4 ҳолати қоидавайронкунӣ Меҳрнигори Рустам 840 сомонӣ ҷарима супорида, маблағи 15 далели боқимонда носупорида мондааст”.

Аз Вазорати умури дохилӣ илова карданд, ки бо автомашинаи тамғаи "Мазда-СХ7", аломати қайди давлатиаш 8686 ВА 01, ки ба Сарвиноз Юсуфӣ тааллуқ дорад, аз санаи 01-уми декабри соли 2013 то 22 июли соли 2015 - 8 далели вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ содир шуда, ҷаримаи он то ҳол пардохт нагардидааст.
Мӯҳр
Точик
Ай хама беспридел Фарзона буаст да

ГАИ
Ба гайр аз Афзалшохи Шоди ки рухияи точикпарастиаш хеле боло аст бакияашро ки ба точики хатто дуруст харф зада наметавонанд ва косалесони дастурхони Ахмад Зохир ва чанд хонандаи эрони хастанд ва батамом хунари кофи надоранд, чаримахои сангин бастан лозим аст

Рачаб
Дар роххои душанбе гайри овозхонхо касони дигар намегарданд?? ин тавр бошад дар бораи шахсиятхои дигар сохахо ва шахсони мансабдор инчунин шахсони алохида хам ба мардум маълумот дихетон.

Шерали
расми Фарзонаву Шабнам барои рекламаай?????неъ гуфти ..пас расми дигар овозхонхоро хам .......дар бораи онхо хам гап хаст ку уууууу

Дар роххои душанбе гайри овозхонхо касони дигар намегарданд?? ин тавр бошад дар бораи шахсиятхои дигар сохахо ва шахсони мансабдор инчунин шахсони алохида хам ба мардум маълумот дихетон.

Аҷибаш он нест, ки он "ҳунармандон" қоидаи роҳи нақлиётро вайрон кардаанд. Мо ҳар рӯз шоҳиди қоидавайронкунии галаи мошинҳои гуногунем. Мошинҳо дар роҳ рақс карда, бидуни ишорадиҳӣ аз як хати роҳ ба дигараш мегузаранд. Такси ва микроавтобусҳо. Дар хати дуввуми роҳ одам фароварда, одам мегиранд. Яъне инки, беҳурматӣ ва нописандӣ нисбат ба қоидаҳои роҳ ба арши аъло расидааст.
Вале дар айни ҳол аҷибаш дар он аст, ки он "ситорагони" эстрадаи тоҷик то ҳол қарзи боқимондаи ҷаримаро насупурдаанд. Магар онҳо пул надоранд? Мегӯянд ки ҳар қадар бою серпул шавӣ, ҳамон қадар хасистар мешавӣ. Алъон мо шоҳиди дурустии ҳамин матали халқ ҳастем.

Бобо
Ин хел мошинчахо доранд хофизхои мо. Зур. Сарояндаги дар ТЧ хамин кадар даромад доштааст-да ё зинда бод "папалар"?. Тамом, хофиз мешавам, эстрадаи точик ситораи навро пешвоз гир.

Ситора
Хозир Бехруз Зеваров мебарояду аз ин истифода карда овозхонхоро реклама мекунад. Рузномахои мо намефахманд, ки ин низ як намуди реклама буда пул гирифтан лозим аст.

Айб аст хаминхам хабар шуд бовар кунед мардум механда ба ин хабархо

Як чувча мети халки точикда ана прогресса бин дига.

HAHA DIGA KOR NADOREN ?? YAGON KHABAR NAYOFTEN HAMIRA BUROVARDEN? AYBAY.......KI CHANDTA NARUSHENIE DORA SHART NESTAY HAMADA NISHON BTEN. DIGA KOR NADOREN OKHI......NAKHOD SREDNIY OILIKI MARDUM 500-600 SOMON BOSHA NEKI 1TA SHTRAF 200-280 SOMON...AYBAY........((

Darvesh
Худи мардуми Тоҷикистон беинтизому худсар аст. Ман боре як ронандаи таксиро (таксии 3сомона) сарзаниш кардам. Гуфтам "чаро дар чароғаки сурх наистодӣ?" Гуфт "иҷа камера нестай." Дар тасаввури онҳо, агар камера ё корманди БДА дар хати сайр набошад, ҳар коре хоҳӣ мекунӣ. Дар ин халқ заррае эҳсоси масъулият нест. Ана ҳамон ба ном ситорагон ҳам зодаи ҳамин халқу сарзамин ҳастанд. Одамро ҷазо ба низом меорад. Пас аз яку ду бор ҷарима бояд аз ҳуқуқи ронандагӣ маҳрум гарданд, аз 6 моҳ то як сол. Дар компютер БДА бояд black list - рӯйхати сиёҳ бошад, токи ҷаримашудагон дубора санади ронандагӣ харида натавонанд. Ин ҳам як намуди интизом аст, ки мутаассифона риоя кардани он дар як мамлакати дар ботлоқи фасод ғутида ғайримумкин аст. Барои ин фасод бояд сар то сар аз байн равад. Пас аз он мебинед, ки он ситорагон ва дигар бойбачагони "пилот" мисли абрешим мулойим мегарданд.

хамватан
кори дигар надоред, хай конунна вайрон кард чаримаро медихад баъд чи ки у шабнам аст ё чонибек ё афзалшо

А бача монуш туё сар шавад охи, месупоранд.

ТАКСИ
И ХОФИЗО КАМ КАМ ТАКСИ 8 Ё 3 МЕЗАНАН МУМКИН

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)