Ҷавонони мазҳабии қирғиз метавонанд, ба хидмати ҳарбӣ нараванд
Шаҳрвандоне, ки ин кишвар имкон медиҳад, ба хотири эътиқоди мазҳабияшон ба хидмати ҳарбӣ нараванд.
Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳурии Қирғизистон зери қонуне имзо гузоштааст, ки ба шаҳрвандони ин кишвар имкон медиҳад, ба хотири эътиқоди мазҳабияшон ба хидмати ҳарбӣ нараванд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсатҷумҳури Қирғизистон, ин афрод танҳо бар ивази пардохти маблағи муайян аз адои хидмати ҳарбӣ озод хоҳанд шуд.
Қонуни нави Қирғизистон дар бораи хидмати ҳарбӣ ба шаҳрвандони ин кишвар, ки узви иттиҳодияи динии расмӣ ҳастанду истифодаи силоҳ ва хидмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳ мухолифи арзишҳои диниашон аст, имкон медиҳад, бо пардохти 25 ҳазор сом ё ҳудуди 600 доллари амрикоӣ ба хидмати ҳарбӣ нараванд.
Ин қонун замоне аз сӯи Алмосбек Отамбоев имзо шудааст, ки дар гузашта ҳолатҳои саркашии шаҳрвандони Қирғизистон аз рафтан ба сафи қувваҳои мусаллаҳ ба хотири эътиқоди мазҳабӣ мушоҳида шудааст.
Муаллифон ва ташаббускорони қонуни мазкур гуфтаанд, он ҳеч гуна паёмади манфии иҷтимоӣ надорад ва афроде, ки бо пардохти маблағи муайян аз адои хидмати ҳарбӣ озод мешаванд, ба корҳои ҷамъиятӣ ҷалб хоҳанд шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |