Бахшҳо

Президент: Истеҳсоли тилло аз конҳои Шугноб бояд ба 1 тонна расонида шавад

Эмомалӣ Раҳмон, райисҷумҳури Тоҷикистон охири ҳафтаи сипаришуда барои шиносоӣ бо вазъи корҳои корхонаҳои заршўӣ ва мулоқоту сӯҳбат бо мардум ба мавзеи Шугноби ноҳияи Ховалинг ташриф овард.


Тибқи иттилои хадамоти матбуотии президент, дар ҷамоати деҳоти мазкур беш аз 8,5 ҳазор нафар аҳолӣ зиндагӣ доранд ва зиёда аз 1,5 ҳазори он ризқу рўзии худ аз кор дар корхонаҳои истҳсоли тилло ва ё аз фаъолияти инфиродии заршўӣ ҳосил мекунанд.Боздиди кории президент аз мавзеи Сафеддара, ки кони асосии тилло ва макони марказии фаъолияти корхонаи давлатии «Тиллои тоҷик» мебошад, оғоз ёфт. Ба иттилои мутахассисон, ин мавзее мебошад, ки аз ҳар метри мукааб хоку гилаш як грамм тиллои аълосифати сурх ҷудо мешавад.

Манбаъ афзуд, шурӯъ аз солҳои 90-уми асри гузашта то ба соли 2008 истеҳсоли тилло дар ин мавзеъ, ба хусус дар ин корхонаи давлатӣ хеле коҳиш ёфта буд. Ин буд, ки бо ташаббуси ҳукумати кишвар моҳи октябри соли 2008 дар заминаи он корхонаи махсуси давлатии тиллои тоҷик таъсис дода шуда, зиёда аз 40 адад техникаю механизмҳои махсус харидорӣ гардид. Дар натиҷа истеҳсоли тилло аз нав рў ба афзоиш оварда, дар соли 2010 ба 320 кг расид. Имсол ин нишондод ба 500 кг хоҳад расид.Иттилоъ дода шуд, дар ин мавзеъ, ҳамчунин 5 корхонаи дигари хусусӣ, аз ҷумла артелҳои «Одина», «Союз-зар» ва «Помир» фаъолият доранд, ки онҳо низ истеҳсоли маҳсулотро сол ба сол афзоиш медиҳанд. Артели «Одина» соли гузашта 124 кг тилло ҷамъоварӣ намуда, имсол истеҳсоли онро 1,5 баробар афзоиш додааст.Дар як корхонаи давлатӣ ва 5 артели хусусии заршўӣ беш аз ҳазор нафар бо кор ва маоши миёнаи 1,5 ҳазор сомонӣ дар 15 рўзи корӣ таъмин гаштаанд. Ин корхонаҳо дар 9 моҳи соли равон ба андозаи 68 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуда, 60% воридоти андоз ба буҷети маҳаллии ноҳияи Ховалингро таъмин кардаанд.

Ҳамзамон, бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон бинои 3 – ошёнаи маркази ташхисию табобатии хусусии ҷамоати деҳоти Шугноб мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки аз ҷониби артели «Одина» бо харҷи 3,5 миллион сомонӣ бунёд ёфта, бо техникаю таҷҳизоти муосири ташхису табобат муҷаҳҳаз гардидааст.Тавре иттилоъ дода шуд, дар ин марказ дар зарфи 1 соли оянда ба ҳамаи ниёзмандон ва минбаъд ба аҳолии камбизоат бепул хизмати тиббӣ расонда мешавад.Дар ин марказ 50 нафар бо кори доимӣ таъмин гаштаанд, ки 8 нафари онҳо табибони дорои таҳсилоти олӣ буда, 2,5 ҳазор сомонӣ маош мегиранд.

Дар маркази ҷамоати деҳоти Шугноби ноҳияи Ховалинг президенти ҷумҳурӣ аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла меваю сабзавот,шириниҳои табиӣ, гулу гиёҳҳои бешумори шифобахш, маҳсули ҳунарҳои мардумӣ, нону кулча ва хўрокҳои лазизи занону духтарони кўҳистони тоҷик дидан кард. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони сершумори аҳолии деҳоти Шугноби ноҳияи Ховалинг бо иштироки масъулини ҷумҳуриявӣ ва вилоятию ноҳиявӣ мулоқот намуда, ба суолу дархостҳои онҳо посух дод. Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин дастур дод, ки дар зарфи 2 соли оянда истеҳсоли солонаи тилло аз конҳои мавзеъи Шугноб ба 1 тонна расонда шавад.{jathumbnail off}

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)