Суолуҷавоби З. Саидов бо судя баъди ҳукми нав: Тақозои замон ҳамин аст (VIDEO)
Додгоҳи Олии Тоҷикистон, имрӯз, 11-уми август Зайд Саидовро бо назардошти 26 соли ҳукми қаблӣ дар маҷмуъ ба 29 соли зиндон бо мусодираи молу мулк маҳкум кард.
Тавре Исҳоқ Табаров, вакили дифои Зайд Саидов ба “Озодагон” иттилоъ дод, дар баробари маҳрумият аз озодӣ додгоҳ қарор кардааст, ки аз ҳисоби Зайд Саидов 34 миллион сомонӣ гӯиё зарари расонда ҷуброн карда шавад. Вакили дифоъ афзуд, ин ҳукм ноодилона ва беасос буда, тайи 10 рӯзи оянда ба марҳилаҳои болоӣ шикояти кассатсионӣ хоҳанд бурд.
Инчунин ҳозирони мурофиа ба "Озодагон" гуфтанд, Зайд Саидов баъди шунидани ҳукми нав суол кардааст, ки "рафиқ судя, қонун чӣ шуд, ки мо ба умеди қонун будем?" ва додрас посух додааст, ки "Зайд Шерович тақозои замон ҳамин будааст".
Қаблан айбдоркунандаи давлатӣ дар доираи парвандаҳои нав барои Зайд Саидов, соҳибкори маҳкумшуда ба 26 соли зиндон аз Додгоҳи Олӣ боз 25 соли дигари зиндон, 34 миллион сомонӣ ҷуброни зарари расонда ва мусодираи молу мулкро талаб карда буд.
Исҳоқ Табаров, вакили дифои Зайд Саидов қаблан ба “Озодагон” гуфт, айбдоркунанда аз парванда бо даъвои шаҳрванди Ветнамӣ дар мавриди “Тоҷикатлас” даст кашида, инчунин дар мавриди иттиҳоми пулшӯӣ низ хост, парванда аз қисми 4-и моддаи 262 ба сабуктар- қисми 2 бандубаст карда шавад.
Оқои Табаров афзуд, ки дар робита ба иттиҳомот зимни бунёди “Душанбе плаза” айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳ дар маҷмуъ барои Зайд Саидов 25 соли зиндон, 34 миллион сомонӣ ҷуброни зарар ва мусодираи амволи барӯйхатгирифташударо талаб кард. Вакили дифоъ илова кард, ба амволи ба рӯйхатгирифташуда аз ҷумла мошинҳои фарзандони Зайд Саидов дохил мебошанд.
Ӯ таъкид намуд, ки дар маҷмӯъ бо роҳи қисман зам кардани ҷазо ба ҳукми қаблӣ додситонӣ барои Зайд Саидов 30 соли зиндон талаб кард. Зайд Саидов қаблан ба 26 соли зиндон маҳкум шуда буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |