Номаи Бобак Занҷонӣ ба Ҳасан Руҳонӣ ва Маҷлиси Эрон
Бобак Занҷонӣ, миллиардери боздоштшуда дар Теҳрон бо навиштани номае фаъолияти баҳсбарангези худ дар замони таҳримҳоро ба Ҳасан Руҳонӣ, раиси ҷумҳурии Эрон шарҳ додааст.
Тибқи иттилои хабаргузориҳои Эрон, Расул Куҳпойзода, вакили дифои Занҷонӣ гуфтааст, зерҳимояи ӯ дар ин нома хадамоте, ки дар давраи вуҷуди таҳримҳо алайҳи ин кишвар ва мушкилот расонид, ба таври мушаххас навиштааст.
Бобак Занҷонӣ инчунин ба Руҳонӣ гуфтааст, агар ӯро ба ҳабси пешакӣ намегирифтанд, метавонист, ба ҳалли мушкил ва бозпас овардани пулҳо аз кишварҳои хориҷ ба Эрон кумак кунад. Ба қавли вакили дифои Занҷонӣ, ин нома ба унвони намояндагони Маҷлиси Эрон ва аъзои Комиссияи энержии ин маҷлис ирсол шудааст.
Бобак Занҷонӣ, тоҷири эронӣ, ки дар Тоҷикистон ҳам сармоягузорӣ кардааст, 30 декабри соли 2013 дар Эрон боздошт шуд. Мақомоти Эрон эълон карданд, Занҷонӣ барои “гум шудан”-и ду миллиарду 60 миллион евро пули марбут ба Вазорати нафт, ки шахси воқеӣ набояд онро дар ҳисоби худ дошта бошад ва аз он барои сармоягузорӣ истифода кунад, муттаҳам мешавад. Қаблан Ҳусайн Деҳдаштӣ, узви кумитаи пайгирии парвандаи Бобак Занҷонӣ ба рӯзномаи “Шарқ” гуфта буд, ки ки аз понздаҳ як ҳиссаи дороиҳои ин миллиардери боздоштшуда, дар Тоҷикистон аст.
Ғуломҳусайн Муҳсини Эжаӣ, сухангӯи нерӯи қазоии Эрон ахиран эълом кард, ки аввалин ҷаласаи додгоҳии Занҷонӣ аввалҳои моҳи октябр баргузор мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |