Бахшҳо

(АКС): Таҷлили 60-умин солгарди Сафар Абдуллоҳ дар зодгоҳаш

Иршод СУЛАЙМОНӢ

60-умин солгарди рӯзи таваллуди профессор Сафар Абдуллоҳ, адабиётшиносу ховаршиноси тавоно ва тарҷумону шоири тоҷики муқими Қазоқистон дар зодгоҳаш -- деҳаи Артучи шаҳри Панҷакент таҷлил шуд.


Дар ин маҳфил теъдоде аз шахсиятҳои фарҳангии тоҷик, донишмандони хориҷ, рӯзноманигорон, ҳамсабақону дӯстон, устодони мактабӣ ва пайвандону ҳамдиёрони Сафар Абдуллоҳ иштирок доштанд, вале аз мақомоти давлатии на сатҳи ҷумҳурӣ, на вилоят ва на шаҳри Панҷакент касе ҳузур надошт.

Маросими расмии маҳфили гиромидошти 60-умин солгарди Сафар Абдуллоҳ аз зиёрати мазори сардафтари адабиёти форсу тоҷик -- Абӯабдуллоҳ Рудакӣ дар зодгоҳи шоир, деҳаи Панҷрӯди шаҳри Панҷакент оғоз шуд. Дар сари мазори Рӯдакӣ баъд аз тиловати ояҳои Қуръон зоирин ва меҳмонон “рӯдакихонӣ” намуданд, баҳсу баррасиҳое перомуни ашъор ва арзишҳои кору пайкори Рӯдакӣ ва дигар масъалаҳои фарҳангу адаб сурат гирифт.

Дар истироҳатгоҳи Куррабанди деҳаи Артуч меҳмонон ва иштирокдорони маҳфили 60-умин солгарди таваллуди Сафар Абдуллоҳ зимни суханронӣ аз эшон ба унвони як донишманди тавонои тоҷик ва олами муосир, фидоии фарҳанг ва тамаддуни форсӣ, ифтихорофарини ҳавзаи тамаддуни форсӣ, сафири фарҳангии адабиёти форсӣ дар Дашти Қипчоқ ва кишварҳои пасошуравӣ ва профессори пуркор ном бурданд.

Дар маҳфил баъзе аз ҳамсабақону устодони даврони мактабии Сафар Абдуллоҳ дар мавриди пазируфтани Сафар Абдуллоҳ ба узвияти Фарҳангистони забону адаби форсӣ ва сазовори нишони тилои “Ваҳдат”-и Анҷумани мардумони Қазоқистон, ки раҳбарии онро Нурсултон Назарбоев, президенти ин кишвар бар душ дорад, ёдрас шуда, бо таассуф изҳор карданд, ки хадамоти арзишманди ин донишманди пуркори тоҷик дар ватанаш ба таври расмӣ қадрдонӣ нашудааст.

Қаблан, 60-солагии Сафар Абдуллоҳро дар Қазоқистон ва Эрон низ ба таври расмӣ таҷлил карданд. Таҷлили 60-умин солгарди Сафар Абдуллоҳ дар зодгоҳаш ба фарқ аз мавридҳои таҷлили зодрӯзаш дар Қазоқистон ва Эрон дар доираи дӯстону ҳамкоронаш баргузор шуд. Дар Қазоқистон ва Эрон 60-солагии эшон ба таври расмӣ, бо иштироки намояндаҳои расмии ин давлатҳо, шахсиятҳои саршиноси илму адаб сурат гирифт. Аз ҷумла Конуни адабиёти Эрон ё Иттиҳодияи нависандагони ин кишвар бо баргузории маросими бузургдоште бо номи “Ватани форсӣ” барои доктор Сафар Абдуллоҳ, донишманди тоҷики муқими Қазоқистон, аз хидматҳои ӯ барои густаришу тарвиҷи забони форсӣ ситоиш карда буд. Дар ин ҳамоиш Ҳаддоди Одил, раиси Фарҳангистони забону адаби форсӣ таъкид намуд, ки “Сафар Абдуллоҳ девори муҳками забони форсӣ дар Осиёи Миёна аст”.

Як масъули Пажуҳишгоҳи забону адаби форсии Фарҳангистони забону адаби форсӣ дар Тоҷикистон зимни ёдоварӣ аз тадқиқот ва корҳои пурарзиши Сафар Абдуллоҳ дар заминаи эроншиносӣ ва забону адабу тамаддуни форсӣ ба Сафар Абдуллоҳ лавҳаи узвияти Фарҳангистони забону адаби форсӣ ва лавҳаи табрикотии Ройзании фарҳангии Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистонро супурд.

Худи Сафар Абдуллоҳ дар ин маҳфил зимни ташаккур аз ҳузур ва суханрониҳои меҳмонон ва ибтикороти хонавода ва ҳамдиёронаш барои таҷлили 60-умин солгардаш дар зодгоҳ гуфт, барои тарвиҷ ва рушди фарҳангу адаб ва ормону худогоҳии миллӣ ҳамеша талош кардааст ва агар имкону тавоне ҳам дошта бошад дар оянда низ барои ин ҳадафи куллӣ талош хоҳад кард.

Сафар Абдуллоҳ аз шахсиятҳои маъруфи фарҳангӣ ва илмиву сиёсии Тоҷикистон буда, соли 1955 дар деҳаи Артучи Панҷакент зода шуда, фориғуттаҳсили риштаи забону адаби Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва давраҳои коршиносӣ ва аспирантураи Институи адабиёти ҷаҳони вобастаи Акадимии улуми Иттиҳоди Шӯравӣ буда, дар ҳамин пажуҳишгоҳ поённомаи худро таҳти унвони “Сунани ҳаммосаҳои миллӣ дар шеъри муъосир” дифоъ намудааст. Солҳои 1984-1991 устоди институти Адабиёти вобастаи Иттиҳодияи нависандагони Шӯравӣ буд ва ҳамчунин устод дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, корманди калони илмии Институти забон ва адабиёти Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ ва баъдан кормандои Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон низ буд. Сафар Абдуллоҳ яке аз фаъолони ҳаракатҳои фарҳангӣ ва сиёсии оғози солҳои 90-уми Тоҷикистон буд ва бо шурӯи ҷанги шаҳрвандӣ дар соли 1992 ба Қазоқистон ҳиҷрат кард ва то кунун онҷо зиндагӣ ва кор мекунад.

Сафар Абдуллоҳ аз ҷумлаи шахсиятҳои камназирест, ки дар бахшҳои гуногуни ҳаёти кишвар хидмати мондагор мекунад. Ӯ профессори Донишгоҳи забонҳои ҷаҳон ва равобити байналмилалии ба номи Абилайхони Қазоқистон, бунёдгузор ва сардабири фаслномаи “Эроннома” ба забони русӣ ва ҳамчунин мудир ва сардабири нашриёти “Китобхонаи Олҷас” буда, беҳтарин намунаҳои адабиёти ҷаҳонро дар ин нашриёт ба чоп расонидааст.

Сафар Абдуллоҳ муаллифи даҳҳо асари пурарзиши илмӣ ва адабӣ монанди “Нури сухан”, “Магические мосты”, ”Магия Слова”, “Муъҷизаи Наврӯз” , “Марсияи Хуршед” , “Рӯшаноии сухан” “Фарҳанги тахассусии русӣ форсӣ ва форсӣ русӣ” , ”Каталог персоязычных рукописей“ ва ғайра мебошад. Бо талоши ӯ дар нашриёти “Китобхонаи Олҷас” дар қатори беҳтарин осори суханварони ҷаҳон, гузидаи чанд шоиру нависандаи тоҷик монанди Муъмин Қаноат, Темур Зулфиқоров ва Баҳманёр ба чоп расидааст.


(АКС): Таҷлили 60-умин солгарди Сафар Абдуллоҳ дар зодгоҳаш


(АКС): Таҷлили 60-умин солгарди Сафар Абдуллоҳ дар зодгоҳаш


(АКС): Таҷлили 60-умин солгарди Сафар Абдуллоҳ дар зодгоҳаш

(АКС): Таҷлили 60-умин солгарди Сафар Абдуллоҳ дар зодгоҳаш

(АКС): Таҷлили 60-умин солгарди Сафар Абдуллоҳ дар зодгоҳаш
Мӯҳр
Барои чи Абдунаби Сатторзода инчо хузур надоранд?

Довуд
Ба Артучи
Расми 1,2,3 бин акаи Абдунабиат дар сар кепка хузур дорад.

Бале Довуд дар хакикат дуруст гуфти акнун шинохтам


Сипос мекунам аз ҳафтаномаи "Озодагон",ки ҳамеша ба масоили муҳими фарҳангӣ таваҷҷуҳ дошта ва аз адолат ва ҳақиқат дифоъ мекунад.Устод Сафар Абдуллоҳ аз афроди нодири миллати мост .Муҳим нест,ки чунин бузургон дар кишвари мо имрӯз қадршиносӣ намешаванд.
Зеро меъёри арҷгузорӣ солҳостост,ки иртиботе ба донишу ҳунару фаъолияти олимон надорад...Ин ба ҳама фарзонагон маълум аст...Муҳим он аст,ки корномаи чунин афродро мо тавасути чунин нашрияҳо бештар бишносем ва умедвор ҳастем ки дер ё зуд миллати хирадкеши мо фарзандонашро қадр хоҳад кард. Артучи,

Беҳтарин репортаж.Раҳмат ба озодзодагони "Озодагон"! Устод Сафар Абдуллоҳ мояи ифтихори миллати мост! Шак надорам ки боз солҳо осори пурарзише менависад ва номи баланди тоҷиконро дар ҷаҳон машҳур хоҳад кард.

артучи шариф бо ин гуна чавон мардонаш мефахрад .Хар шаб зи худат бипурс агар ту марди? К-имруз чи хидмате ба мардум карди!?

Устод Сафар Абдулло бисер шахси боадабу хоксор хастанд. Номбардори миллати точик

Tashakkur baradar irshad ki in hama zahmat kashidi

Аз хизматхои окои абдулозода ва бо шахсияти эшон хорич аз кишвар ошно шуда будам.
Боби сомон уро шоиста аст бо ман мулокот кунад.

Бисёр матлаби хуб ва сипос аз "Озодагон"у озодмардонаш ва ба вижа аз бародар Иршоди Сулаймонӣ! Устод Сафар Абдуллоҳ дар воқенъ мояи ифтихори ҳамаи порсизабонони бедор ва ҳушёр аст.Худо ҳифзаш бикунад!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)