Таври маълум ҳамасола дар Тоҷикистон аз санаи 18-уми май то 23-юм рӯзҳои ҷавонон баргузор мегардад, ки тӯли ин рӯзҳо ҳукумати кишвар сари мавзӯи ҷавонон, дастгирии онон гӯё таммаркуз менамояд. Қаблан (аниқтараш дар санаи 20-уми апрели соли равон) Президент зимни ироаи паёми хеш дар парлумон дар мавриди ҷавонон ва гаравиши онҳо ба гурӯҳҳои гуногуни ифротгароӣ ибрози андеша намуда, барои ҷилавгирӣ аз ин паёмади номатлуб дастур дод, ки ҷавонон дар кулли соҳот мавриди назар бояд бошанд ва аз сӯи масъулини ҳукумат дастгирӣ шаванд.Таъмин намудани ҷавонон бо ҷойи кор низ дар паёми ахири Раҳмон як нуктаи муҳим буд.Вале то ба ҳол фаъолияти камрангии ҷавонон дар сиёсат ва заъфи ҳукумат баҳри ҷалби ҷавонон дар соҳоти мухталиф аз ҷониби доираҳои гуногун мавриди интиқод қарор мегирад.
Ҷавонон худ гунаҳкоранд!
Иброҳим Мирзоев, сармутахасиси шӯъбаи иҷтимоии Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ аз ҷоннок шудани кори кумита иттилоъ дода, дар ин радиф фаъолияти корхонаи воҳиди давлатии биржаи меҳнатии кумитаро ба сифати далел зикр мекунад.
Ҷойҳои корие, ки дар вазорату идораҳо пайдо мешаванд, аз ҷониби корхонаи зертобеъи кумитаи мазкур кадрҳо пешниҳод карда мешудааст. «Дар назди кумита клуби соҳибкорони ҷавон фаъолият дошта, дар асоси барномаҳои соҳавӣ аз ҷониби кумита тавонистем, ки зиёда аз 10- хоҷагии ёрирасони кишоварзиро дар навоҳии Муъминобод, Ховалинг, Ҳамадонӣ, Шурообод, Роғун, Дарвоз ва Ванҷ таъсис диҳем», гуфт дар сӯҳбаташ ҷаноби Мирзоев.
Дар ҳамин ҳол, иддае аз коршиносон ва бархе аз ҷавонон баргузории ярмаркаҳои ҷойҳои корӣ дар шаҳри Душанберо як барномаи дурӯғин унвон карда, корҷӯён мегӯянд баъд аз муроҷиаташон ба коргоҳҳое, ки гӯё ба мутахассис ниёз доранд, ноумед мегарданд. Аммо ба андешаи Иброҳим Мирзоев ин мушкилиҳо ҷузъианд. Ӯ ҷавононро ба он айбдор медонад, ки қобилияти хуби корӣ надошта, дар ҳолати муроҷиат ба талаботи корфармоён ҷавоб гуфта наметавонанд. «Бубинед, дар ҳар кӯчаву паскӯчаҳо эълонҳо барои ҷойҳои нави корӣ ба назар мерасаду вале мутахассис нест», нигаронӣ менамояд ӯ.
«Дипломи сурх» ҳам кӯмак намекунад
Аммо Шероз Бозоров, ки айни ҳол дар Донишгоҳи давлатии Маскав таҳсил менамояд, дастгирии ҷавонони тоҷикро аз ҷониби Тоҷикистон ғайриқаноатбахш меҳисобад. Пас аз хатми донишгоҳҳо аксарияти донишҷӯёни Русия бо кор таъмин мешаванду маоши хуб мегиранд. Давлат барои оилаҳои ҷавон имтиёзҳоеро додааст, ки бевосита дар самти харидани хонаи истиқоматӣ, таҷҳизоти техникӣ дастгирӣ менамояд. Ғайр аз ин барои он ҷавононе, ки таҳсил менамоянду имконияти пардохти маблағи шартномаи донишгоҳро надоранд, барномае бо номи «қарзи таҳсилӣ» фароҳам овардааст, ки ҷавонон метавонанд қарз гирифта шартномаи хешро пардохт намуда, таҳсилро идома диҳанд.Пас мо барои ҷавононамон чӣ имтиёзе фароҳам овардем? Фикр мекунам ба ҷузъ муҳоҷират дигар ҳеч. Кӯмаки ночизи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар тӯйҳои навҷавонони кишвар чӣ хоҳад буд: миннат ё дастгирӣ? Ҷавононе, ки бо дипломи сурх, медалу ифтихорномаҳо донишгоҳу донишкадаҳоро хатм кардаанд, чиро интизоранд, кору маоши хуб ё Русияро?
Неъматулло Акбаров хатмкардаи Донишгоҳи Миллӣ бо дипломи сурх сабаби майл надоштани ҷавононро ба кор дар паст будани маош медонад . «Маоши бештари ҷавонони муҳоҷир аз дилхоҳ идораи давлатии кишвар боло аст. Ҳар нафаре, ки ҳавсала ва рағбат дораду арзанда ба мансаб аст, бояд ҳукумат дастгирӣ намояд. Оне, ки муҳоҷиратро ихтиёр намудааст, зимоми зиндагиаш дар дасти худи ӯст, мегӯяд Н. Акбаров. Номбурда иштирок доштан ё надоштани ҷавононро дар сиёсат муҳим намеҳисобад.
«Иштирок накардани ҷавонон дар сиёсат айбу таън нест, дар баъзе аз кишварҳои хориҷӣ нафаронеро вохӯрдан мумкин аст, ки ҳатто президенти кишварашонро намешиносанд. Гаравиши ҷавонон дар сиёсатро мусбат баҳо намедиҳам, ба он хотир, ки ҷавонон дар кишвар барои он ба сиёсат мегараванд, ки амаликунандаи ҳадафҳои худ сиёсатро мебинанд», ибрози назар намуд ӯ.
Ин андешаҳои ҷавонон дар ҳоле гуфта мешаванд, ки райиси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон Маликшо Неъматов мегӯяд, «аробаи давлатро имрӯз ҷавонон пеш мебаранд». Манзури райис кадом гурӯҳи ҷавонон аст, ҳанӯз муаммост: лашкари беш аз як миллионнафараи муҳоҷирҷавонон ва ё 2-3 ҷавоне, ки дар ҳукумат мансаб доранд…{jathumbnail off}
Сафар Халилӣ
Мӯҳр
« Декабр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | ||||||
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 |