Абдул Азиз, сафири Малайзия дар Ӯзбекистон, ки дар ин намоишгоҳ иштирок дошт ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод, ки ҳадаф аз ташкил намудани чунин намоишгоҳҳо омӯхтани таҷрибаи якдигар, имконияти беҳтар пайдо кардан барои таҳсил дар донишгоҳҳои Малайзия ва дар ин замина тайёр намудани мутахассисони болаёқат мебошад. Ба иттилои номбурда айни ҳол Малайзия як муқаррароте рӯи даст дорад, ки бо амалӣ гаштани он донишҷӯёни болаёқати тоҷик баъд аз хатми донишгоҳ дар Малайзия бо ҷои кор таъмин хоҳанд шуд.
Ташкилкунандагони ин намоишгоҳ ширкати муштараки Тоҷикистон-Малайзия "Аҳмадсоз" ва палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон мебошанд. Аз рўи маълумоти ширкати муштараки Тоҷикистон-Малайзия "Аҳмадсоз" феълан дар донишгоҳҳои Малайзия 300 нафар донишҷӯи тоҷик таҳсил менамоянд, ки аз байни онҳо бархе дар барномаҳои бакалавр ва қисми дигар дар равияҳои магистратура дар соҳаҳои илмҳои дақиқ таҳсил менамоянд. Бино бар иттилои манбаъ, айни замон шумораи донишҷўёне, ки дар равияи илмҳои дақиқ таҳсил мекунанд, беш аз 200 нафарро ташкил медиҳад. Шароити таҳсил дар донишгоҳҳои Малайзия шартномавӣ буда, аксари донишҷўён бо маблағи худ таҳсил мекунанд, вале қисме аз онҳо аз ҳисоби фонди президентӣ бо номи "Дурахшандагон" таҳсилоташонро идома медиҳанд.
Мӯҳр« Апрел 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 |