Душанбе, 7 Апрел 2025
Бахшҳо

Хайриддини Абдуллоҳ: Арабӣ – забони Ислом ва порсӣ – забони мусалмонӣ

Вазъи Хайриддини Абдуллоҳ, як донишманди ҷавони тоҷик, ки дар Русия мавриди ҳамлаи афроди номаълум қарор гирифт, беҳтар арзёбӣ мешавад. Ӯ шоми 7 август дар наздикии метрои “Рязанский проспект”-и шаҳри Маскав, ки манзили зисташ онҷо будааст, мавриди ҳамлаи афроди ношинос қарор гирифта, бо чанд захми корд ба беморхонаи ба номи Склифосовский интиқол ёфт.

Хайриддини Абдуллоҳ дар гузашта роҳбарии идораи дину фарҳанги Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик дар Федератсияи Русияро бар уҳда дошт. Чанд рӯз қабл аз ин ҳамла Хайриддин ду матлаберо унвонии “Озодагон” ирсол намуд, ки якеи он пешниҳоди хонанда мегардад.

"Порсӣ – беҳтарин забони илҳомангез, ки Худои мутаъол ба ҳамаи башар раво дошта ва онро ба қишре махсус нагардонидааст. Он қудрат ва эъҷозе дорад, ки ҳанӯз аз асрори печидаи зиндагии башар аст ва забоншиносон аз тамоми он огоҳ нестанд.

Шумо агар дар саросари дунё бигардед, дар байни фарҳангҳо ғӯттавар шавед, ҳамварзи адаби форсӣ чизе пайдо намекунед. Он маҷмӯае, ки битавонад ҳамсанги Маснавӣ бошад, асаре, ки битавонад ҳамвазни осори Саъдиву Ҳофиз бошад, битавонад тана бар танаи “Шоҳнома” бизанад, ёфт нашудааст.

Чи гуна аст, ки дар дарбори подшоҳони ҳиндӣ сухансароёни порсигӯ сар баланд намуда, як сабки шеър бо номи сабки ҳиндӣ кашф намуданд. Дар замоне, ки сабки хуросониву сабки ироқӣ рӯ ба нузул меравад, сабки ҳиндӣ сар баланд мекунад. Чӣ гуна аст ин? Чӣ гуна аст, ки мардумшиносону ховаршиносон ҳангоме, ки пеш аз вуруди коммунистҳо ба сарзаминҳои Русия меомаданд ва аз аҳволи мардуми тотор пурсуҷӯ мекарданд, медиданд, ки тоторҳо ба ғарибҳо, ки мерасанд, аз онҳо мепурсанд, “оё забони Ислом медонед ё забони мусалмонӣ?”. Муроди онҳо ин буда, ки агар ту забони арабӣ медонӣ - забони Ислом медонӣ, агар забони порсӣ медонӣ - забони мусалмонӣ медонӣ.

Ва ҳамчунон ҷойи ифтихор аст, ки мусалмонони ҷаҳон аз чӣ миллате, ки набошанд, намозро бо забони порсӣ ният мекунанд ё арабӣ. Дар реша ҳам чунин ҳаст, ки имом Абуҳанифа (р) нияти намозро бо арабӣ ва порсӣ раво дониста аст. Ва номҳои вақти намозро ба порсӣ мегуфтанд ва мегӯянд, ба монанди бомдод, пешин, намози дигар, шом, хуфтан ва вожаи “намоз” ҳам порсист. Барои исботи сухани худ таъкид менамоям, ки дар кишварҳои туркзабон бо забони порсӣ вақти намозро мегӯянд ва нияти намоз низ бо ҳамин забон аст. Сипос бар онҳо, ки дарк кардаанд, порсӣ забони илм ва дин аст ва ин ниёзашонро дар паси ҳеч ғаразе рӯйпӯш накардаанд. Аммо сад афсус, ки Эрони имрӯзаи мо аз забони худ рӯй гардонида, он ҷой ба ҷои намози бомдод - фаҷр ба ҷои пешин - зуҳр, ба ҷои намози дигар - аср, ба ҷои шом - мағриб, ба ҷои хуфтан - ъишоро кор мебаранд. Ва забони илму гуфтугӯ низ дар Эрон зери вожаву истилоҳоти арабиву инглисиву фаронсавиву дигар забонҳо поймол шудааст.

Бухоро, ки бо номи Муҳаммад ал-Бухорӣ шинохта мешавад ё ал-Бухорӣ, ки Бухороро маъруф намудааст, саҳеҳи бузургтаринеро барои олами Ислом дошта, ки китобаш баъди Қуръон саҳеҳтарин китоб шумурда мешавад, порсигӯй буд. Имом Муслим порсигӯй буд, имом Навоӣ порсигӯй буд, соҳиби суннати Тирмизӣ, ки номи Тирмиз гувоҳ аст, порсигӯй буд. Агар ба фалсафа бирасем, Абӯалии Сино порсигӯй буд, ба муаррихин бирасем, падари муарихон Табарӣ порсигӯй буд. Дар тафсир биравем, Байзовӣ порсигӯй буд, имом Фахрии Розӣ порсигӯй буд...

Ва ин адаб ба қадре қувват дошт, ки агар ин нерӯмандиаш набуд, пас аз ҳамлаи муғул ному нишоне аз эшон намемонд. Қудрат ва қувваташ чунон зӯр буд, ки муғули бидуни фарҳанге, бархоста аз куҳу саҳроро, ки ноошно бо одобу русуму шаҳрнишинӣ буд, дар худ ҳал кард, мусалмон кард ва аз фарҳангу тамадуни хеш дар ҷони ӯ тазриб кард, дар ҷони ӯ фурӯ нишонд. Ин ҳама қудрати адаби порсиён аст.

Адаби порсӣ мероси бузурги башарият аст, моли як қавм нест. Ва дар тамоми китобхонаҳои дунё новобаста ба он ки ба забон ошноӣ надоранд, хатро надонанд, бояд ин китобҳоро ба захира нигаҳ доранд. Аз Маснавӣ, аз “Шоҳнома”, аз девони Ҳофиз, аз куллиёти Саъдӣ ва аз девони Ироқӣ, аз девони Хоҷавии Кирмонӣ, аз кулиёти Низоми Ганҷавӣ, аз кулиёти Саноии Ғазнавӣ, аз Бедили Деҳлавӣ...

Забон барои фарҳанг нақши дирак ё сутунеро мебозад, ки хаймаро сару по нигаҳ медорад ва агар он дирак гирифта шавад, хайма бар замин меафтад. Барои фарҳанг, ҳеч чизе ҷуз забон хидмат намекунад. Агар мардумони фарҳангӣ, мардумони аз як фарҳанг дар як аққалият қарор бигиранд, дар гоми нахуст ин забон аст, ки эшонро мустаҳкам нигоҳ медорад. Қадами дуввум ақида аст. Таърих гувоҳ аст, ки мо тоҷикон пас аз гирифторӣ ба ҳукумати коммунистӣ ҳолу рузӣ баде пайдо кардем. Ва забони мо маърази ҳуҷум шуд. Чӣ гуна забони мо маърази ҳуҷум шуд? То ҷое, ки ба ҳамагон маълум аст, хат як нишонаи фарҳангдориву забондориву миллатдорист. Агар забонро хоҳем фаҳмид, бояд навиштаи ӯро донему ошно бошем, пас коммунистҳо омаданд, хатро дигаргун кунанд. Ва дар ин ҳолат, мо натанҳо аз ҷониби коммунистҳо фишору мавриди ҳуҷум қарор доштем, балки аз ҷониби туркону узбакон ва ақвоми туркзабон мавриди ҳуҷум қарор доштем. Ин риқобатҳо дар Самарқанду Бухоро аз он замон шурӯъ шуда буд.

Коммунистҳо номи забони порсиро дар Тоҷикистон “тоҷикӣ” гуфтанд. Хуб, боз ҳам бикунанд, вале дониста бошанд, ки ҳақиқатро бо ин номгузориҳо дигаргун карда ҳаргиз намешавад. Зеро коммунистон ҳоло куҷоянд, нобуду нести таъриханд, аммо ҳақикат ошкорост, зинда аст, сарбаланд аст. Ҳама медонад, ки забоне бо номи забони тоҷикӣ, афғонӣ ё эронӣ дар таърих ва адабиёт ва ҳеч шоиру нависандае аз порсизабон ном набурдааст, ба ҷуз порсиву форсӣ.

Хушбахтона, имрӯз хонаводаҳое дар Тоҷикистон бо алифбои ниёгони худ озод хондаву навишта метавонанд. Ҳукумат бояд шароите ба вуҷуд биоварад, ки мардум ба хати ниёгони худ бирасанд. Агар бозгаште ба хати порсӣ кунанд, он мероси куҳани аждодиашонро ба роҳатӣ хоҳанд фаҳмид, дигар ин алифбои чурукидаву пажмурдаи пирилик дар баробари он маъно муқовимат нахоҳад кард. Агар нафаре мехоҳад, Маснавӣ бихонад, мефаҳмад, ки ин маъно чист ё саборо дар шеъри Ҳофиз ба як маънои дигар намехонад, балки ба маънои худаш мехонад. Хати мавриди ниёзи тоҷикон бояд ба ҳамон хати порсии ниёгони худ баргардад. Ба гумони ғолиб як бедорӣ, як ҳушёрӣ дар мардуми тоҷик рух хоҳад дод ва ба сӯйи аслу решаву ниёгони хеш хоҳанд гашт".

Аз идора:Ин матлаб андешаи шахсии муаллиф буда, бо каме таҳрир нашр шудааст
Мӯҳр
Инро хондаму барои арчгузори аз ниёгонат болидам. Вале чун "забони точики набуд" гуфти, хатти кириллик хамаро расво кард гуфти, фикр кардам, ки хай хубат кардаанд, ки лату кубат кардаанд.!

муосир
бекор бача. аз хамин шеру шоири то кучо расидед. Хамин аз ягон чо ягон сум ки ёфтанд, сар мекунанд.

Табари
Мулло бошад ана ин хел бошад мо ба ана хамин хел муллохои огох ва миллигаро ниёз дорем динаш кори худаш ва дини хар кас хам кори худди уст аммо дифоъ аз фарханг забон адаб ва худуди порсигуен ва вахдати порсигуёни чахон кори хамаи акидахо ва дидгоххо дар байни кулли кишрхои чомеаи мо бояд бошад!!!

г
Аз афташ ин нафар агенти муфтиет аст.

кулябец
Новобаста аз диндор ё рухони будан фарханг ва адабиётро донистан хуб аст. Чунки адабиёт низ ахлоки некро меомузад!

г,
Як шиаи рофизи аст.

ЧО МЕНИ ШЕЪРУ ГАЗАЛРО АЗ ДУМИ ПУЛ СУР КУН ДОМУЛЛО

Ана инро Олим мегуянд хам нангу номус дорад хам забонро медонад хам таърихро дар кучо буд ин Шербачаи Точик аз илми ин бача истифода бояд бурд

ыфдщь
офаринат ки чунин макола навишта
халки точик ки бадбахту сарсахт аст аз пушти урус - на аз асли худ бохабар асту на аз мероси ниегонаш

Ба кӣ будани ин Хайриддин кор надорам, аммо хеле ва хеле суханҳои хуб гуфта аст. Худо кунад, ки ба хати порси бар гардем, ва сарзаминҳои форс ба ҳам пайванданд.

шерали шай
Бачахо хамин Хайриддини Абдулло кист? каме маълумот дихед.

Ман аслан ба рӯҳониён қаблан ҳам муҳаббат надоштам, ҳоло ҳам надорам, зеро онҳо зидди рушд ва тараққии илму дониши дунёанд. Вале банда қурбони касеам, ки ба забони форсӣ арҷ мегузорад. Беҳуда нагуфтаанд: "ФОРСӢ ШАКАР АСТ; АРАБӢ ДАРДИ САР АСТ; РУСӢ Г... ХАР АСТ". Мулло як чизро фаромӯш кардааст. Забони форсӣ ( тоҷикӣ) дар Тоҷикистон басо душмани зиёд дорад. Ин афроди пӯстини рус пӯшидаанд. Тоҷик як душмани ашад дорад. Ин ҳам бошад худи ӯст. Душмани тоҷик худи тоҷик аст. Магар дар зиндагӣ аз ин зиёд фоҷиа ва бадбахтӣ аст?

хошим
Ман хам орзу дорам ки ба хати ниёгонамон боз гардем.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2025    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)