Бахшҳо
10 авг 2015 08:48Тоҷикистон / Тема дня

Узбакистон аз Тоҷикистон замин мехоҳад: Гузашт кунем?

Узбакистон бар ивази сабукиҳо нисбати Тоҷикистон аз Душанбе обанбори “Фарҳод” ва баъзе заминҳои марзиро талаб кардааст. Бар асоси як иттилоъ, ки “Тоҷнюс” нашр кард, ҷониби Узбакистон ваъда додааст, бар иваз қитъаи роҳи Амузанг-Ғалабаро дубора барқарор ва муносиботашро гарм хоҳад кард. Дар робита “Озодагон” аз коршиносон пурсид: БА УЗБАКИСТОН ГУЗАШТ МЕКУНЕМ?


Сайфулло САФАРОВ, муовини аввали раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон

Албатта, мо ба ҳеч кас, ягон чизро гузашт карда наметавонем. Вале доир ба ин масъала комиссияи махсуси байниҳукуматӣ ҳаст, ки кор мекунад ва дар асосҳои ба ҳам фоиданок ё дар асосҳои ба ҳам мувофиқ ба хоҳиши ҳарду тараф ин масъаларо ҳаллу фасл менамоянд. Дар ин масъала мавқеи шаҳрванди оддӣ, шахсе ки ба ин кор машғул нашудааст, аҳамият надорад. Дар инҷо фақат мутахассисон ва он масъулони давлатие, ки ба ин кор муввазаф шудаанд, бояд машғул шаванд.

Аъзамшоҳ ШРГОВАДӢ, коршиноси масоили сиёсӣ

НЕ! Ҳазорон кишвари олам садсолаҳост, ки мушкилоти марзӣ доранд, вале бисёр ба нудрат аст, ки хоку замини худро барои “дилгармӣ”-и ҳамсоя “гузашт” кунанд. Таври мисол, Федератсияи Русия, ки шашяки заминро дорад, мебинем, кӯчактарин ҷазираҳои Курилро ба Ҷопон намедиҳад. Ин дар ҳолест, ки ин ҷазоир моли ҳалоли Ҷопон буданд. Хулас, ҳама кишварҳо ин гуна мушкилотро доранд. Барои “гарм” шудани муносибот дипломатҳо ва сиёсатмардони тоҷик бояд аз роҳҳое истифода баранд, ки кишвари дигар “гузашт” кунад ва он гунаро метавон дипломатияи муваффақ номид. Дигар ин ки ҳар қадаре бахшишҳо зиёд шаванд, иштиҳои ҳамсоякишварҳои мо, ба хусус Узбакистон бештар мегардад. Ва хуб аст, бо ҳамсояҳоямон муносибатҳои ҳасана дошта бошем, аммо чунин пешниҳоди Тошканд ба қавли мардум бастани “қалин” аст.

Бояд зикр кард, ки имрӯзҳо Тоҷикистон қариб ҳеч вобастагие аз Узбакистон надорад. Он молу коло ва дигар масолеҳи зарурие, ки қаблан аз он кишвар ирсол мешуд, солиёни ахир тавассути пулҳои иттисолӣ бо Афғонистон ва роҳҳои бозшуда бо Чин аз дигар кишварҳо вориди Тоҷикистон мегарданд.
Бале, Узбакистон ҳамсоякишвари мо аст ва мазҳабу фарҳанги муштараки чандинҳазорсола дорем ва хуб аст, ки равобити хуб дошта бошем, аммо дар акси ҳол ҳам боз Тоҷикистон тавони бе Узбакистон пешрафт карданро дорад. Ва тайи даҳсолаи ахир исбот шуд, ки бо ҳама фишорҳои Тошканд, аз ҷумла роҳбандиҳо, натавонист монеи муваффақиятҳои Тоҷикистон бошад. Пас ҷойи гузашт кардан нест ва барои муносибатҳои гарм давлатмардони моро зарур аст бе бахшидани замину об, аз дигар роҳҳои манфиатовари дипломатӣ истифода намоянд, ки “на сих сузаду на кабоб”.

Абдуазим АБДУВАҲҲОБ, рӯзноманигор

Дар Ҳукумати Тоҷикистон ба дарки ин нукта хуб расидаанд ва медонанд, ки сарбанди обанбори “Фарҳод” иншооти бениҳоят муҳим ва стратегӣ барои Тоҷикистон аст. Гарчи ин иншоот бештар ба нафъи Узбакистон кор мекунад. Бархӯрди мақомоти Тоҷикистон низ ба ин масъала то имрӯз нишон додааст, ки Душанбе ҳеч вақт нисбат ба ин масъала ба Тошканд гузаштеро қоил нест. То ин вақт Душанбе тамоми таҳримоти эълоннашудаи Тошкандро таҳаммул кард, аммо қадаме дар ин масъала пас нагузошт. Ин далел ба он аст, ки барои Душанбе ин иншоот хеле арзиш дорад. Ҳатто дар замони вазири хориҷӣ будани Ҳамрохон Зарифӣ чунин тавоффуқи шифоҳӣ низ миёни ҷонибҳо буд, ки ин баҳс ба миён гузошта нашавад. Ба ин бовар нестам, ки Тоҷикистон вобаста ба ин масъала гузаште кунад.

Ҳикматуллоҳ САЙФУЛЛОЗОДА, шореҳи сиёсӣ

Мо дар сиёсатҳои дипломатии хеш алакай додани қитъаи заминеро таҷриба кардем, агарчи барои ин кор кадом зарурате ҷой надошт. Фақат дари имкониятҳоро барои кишвари қудратманде бозтар кушодему бас. Аммо вақте мушкилоти марзӣ бо собиқ ҷамоҳири бародари Шӯравиро дорем, ки имрӯз ҳамчун кишвари мустақил даъво пеш мегузоранд, пас агар муносибат ва равобити ҳамсоягӣ доштанро қабул дорем ва онро тақвият бахшидан мехоҳем, роҳи дигаре ҷуз дипломатияи мантиқӣ дигар чизе нест. Гузашта аз ин, ҳатто дар муносибатҳои ду ҳамсоя доду гирифт ва гузаштҳое низ ҷой доранд, ки бояд аз ин ҳам истифода кард, албатта бо дарназардошти ҳифзи манофеи ҷонибайн. Агар ҳоло чунин як пешниҳоди Тошканд ҷиддӣ ва фиребанда нест, фикр мекунам, бозкушоии роҳи оҳан барои мо бояд авлавият дошта бошад. Дуруст аст, ки бунёди обанбори “Фарҳод” дар замони Шӯравӣ маҳз ба хотири обёрии заминҳои Узбакистон буд, агарчи имрӯз он дар қаламрави Тоҷикистон қарор гирифтааст. Аз ин рӯ, гузаштҳои ҷонибайн ба хотири барқарории равобити ҳасана ва муносибатҳои нек хеле муҳим аст, дар ҳоле ки дар қаламрави Тоҷикистону Узбакистони имрӯз ду миллат дар канори ҳам ба сар мебаранд. Фақат дар мавриди истифодаи оби дарё барои моломол нигоҳ доштани обанбори “Фарҳод” зарурат ба таҷдиди назар дар шартнома ин аст, ки дар ин маврид ҳам фаросати дипломатии баланд тақозо мешавад.

Абдумалик ҚОДИРОВ, коршинос

Аслан, ҳама гуна сиёсат аз гузаштҳову гуфтугӯҳову талаби ҳаққи хеш иборат аст ва ҳар яке аз ҷонибҳо ҳамеша мекӯшад, дар сиёсат аз манфиати хеш ҳимоят кунад. Ҳамон тавре, ки Уинстон Черчил гуфта буд, “дар сиёсат дӯстӣ вуҷуд надорад; танҳо манфиат ҳаст”. Агарчанде Тоҷикистону Узбакистон ҳамсоякишваранд ва мардумонашон таърихи ҳамсоягии ҳазорсола доранд, вале ҳар яке ҳамеша мекӯшид, ки дар ҳамин муносибатҳои “ҳамсоягӣ” манфиати худро болотар гузорад. Ва ҳама гуна шиорҳое аз қабили “дӯстиву бародарии халқҳои тоҷику ӯзбак” танҳо дар сатҳи мардуми оддӣ вуҷуд дорад: дар сатҳи ҳукуматҳо ин танҳо як “афсона” асту халос. Узбакистон ҳамеша мехост ва мехоҳад, ки барои Тоҷикистон “бародари калонӣ” бошад, ки бародари хурд набояд аз гапи он берун равад. Ва барои амалигардии ин орзӯяш аз ҳама роҳу васила истифода мекунад. Аз ҷумла талаби обанбори “Фарҳод” ва заминҳои атрофи он ҳамон бозии сиёсиест, ки Узбакистон имрӯз мехоҳад, бинобар заъфи сиёсиву иқтисодии Тоҷикистон, аз он истифода кунад. Ва ваъдаи “гармшавии муносибатҳо” бар ивази марз чизи дигаре нест ба ҷуз ғиромӣ дар сиёсат ва сӯистифода аз вазъи кунунӣ. Дар чунин ҳолат Тоҷикистон бояд чӣ кор кунад? Розӣ шавад барои додани марзҳояш? На. Ба ҳеч ваҷҳ. Мо аллакай як қисми зиёди сарзаминамонро ба Чин додем. Чӣ гирифтем дар ивазаш? Қарз барои сохтани роҳ? Охир Чин ин роҳҳоро бештар барои худаш сохта истодааст, то барои молу колоаш тариқи ин роҳҳо бозори нав кашф кунад. Ҳеҷ кас набояд марзи худро ба дигарон диҳад. Ин хоки Ватан аст ва одамон барои ин хок ҷони худро додаанд. Тоҷикистон бояд роҳҳои дигари нармсозии муносибатҳои ҳамсоягиро пайдо кунад. Агар мо бо ҳамсояамон наметавонем забон ёбем, ин бохти сиёсати берунаи мост, ин ноӯҳдабароии ҳукумат аст, ки наметавонад “гуфтушунид” кунад. Ҳеҷ мумкин нест, ки ду ҳамсоя натавонанд “оштӣ” шаванд: бояд аз баъзе “принсипҳои шахсӣ” даст кашид, дар баъзе масъалаҳои “принсипиалӣ” (аз қабили баландии НОБ-и Роғун) гузашт кард, то яхи муносибатҳо об шавад. Вале на дар масъалаи марз.

Нуралӣ ДАВЛАТОВ, таҳлилгар

Ман фикр мекунам, ки ҳукумати Тоҷикистон гузашт намекунад. Қитъаи роҳи Амузанг ба хотири дар муҳосираи иқтисодӣ гузоштани Тоҷикистон вайрон шуда буд, аммо ҷониби Тоҷикистон ба ин назар аст, ки обанбори “Фарҳод” моли Тоҷикистон аст. Ҳамин тариқ, Тошканд мехоҳад моли Тоҷикистонро, яъне обанборро бигирад ва ба ивазаш китъаи Амузанг-Ғалабаро барқарор кунад.

Шокирҷон ҲАКИМОВ, ҳуқуқшинос

Қонеъ кардани талаби Узбакистон бидуни шак тамомияти арзӣ ва якпорчагии Тоҷикистонро на танҳо халалдор мекунад, балки бар хилофи амният ва манфиатҳои миллӣ низ мебошад. Оид ба идомаи сохтумони неругоҳи Роғун ва дигар масъалаҳои барои давлатдории мо аҳамияти стратегӣ дошта низ Узбакистон баъзе шартҳоро пешниҳод кардааст, ки бо вуҷуди мавриди баҳс будани ҷонибҳо аз моҳиятан пазируфтани онҳо худдорӣ намуда, тадбирҳои мушаххасро ҷиҳати ҷалби сармояи хориҷӣ ба анҷоми иншоотҳои муҳим ҷалб карда, заминаҳои истиқлолиятро ҳар чи зудтар таҳким бояд бахшид. Барои ин дар натиҷаи ҳамкории Тоҷикистон бо созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва ҷалби коршиносон тавре ки маълум аст, корҳои зарурӣ ба анҷом расидааст ва ягон зарурат барои идомаи баҳс вуҷуд надорад. Мавриди зикр аст, ки шарти асосӣ дар робита ба густариши муносибатҳои иҷтисодӣ риояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва дастгирии ташаббуси онҳо таҳкими ниҳодҳои демократӣ ҳисоботдиҳанда будани давлат ва шаффофияти он кафолати амнияти субъектҳои фаъолияти иқтисодӣ ва ба вуҷуд овардани муҳити мусоид ҷиҳати рақобати солим ва соҳибкорӣ дар Тоҷикистон будааст.

Фаррух САЛИМОВ, устоди факултаи муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Ин буҳроне, ки имрӯз тамоми ҷаҳон, махсусан Русия ва шарикони савдоии вайро фаро гирифтааст, ба Узбекистон низ таъсирашро расонид. Илова бар ин таъсис ва васеъгардии ЕАЭС боиси он гаштааст, ки тадриҷан барои Узбакистон бозорҳои кишварҳои ҳамсоя маҳкам шаванд. Бинобар, ин талоши беҳбудии ҳамкории байни ду кишвар, ин натанҳо кӯшиши ҳукумати мо буд, балки барои узбакҳо вақте фароҳам омад, ки ин тарафи корро низ ба инобат гиранд. Яъне, хоҳиши кушодани сарҳадот барои интиқоли молу коло бо Тоҷикистон. Вақте "розигӣ" аз онҳо гирифта, шуду ҳайати ҳукуматии мо рафт, маълум буд, ки масоили асосӣ ин бекор кардани раводид, барқарор кардани роҳи оҳани гузаргоҳи Амузанг ва талош барои барқарор кардани равобити иқтисодиву тиљоратӣ бо мо бояд мешуд. Дар асл намояндагони комиссияи ҳукуматии мо чунин ҳисобот ҳам доданд. Лекин:1. Узбекистон дарҳол пас аз дидани гузашткориҳои мо масъалаи банди Фарҳодро ба миён гузошт 2. Чи тавре дар хотир дорем, вазири саноат ва энергетика ҳатто себанчӣ гирифт, ки Узбакистон нисбати сохтмнони неругоҳи барқи обии Роғун ягон эътирозе накард ва дарҳол мо 1 август изҳороти Вазорати умури хориҷии Узбакистонро гирифтем. Аз ин чӣ бармеояд? Узбакистон худ моро моили гуфтушунид намуд, лекин пас аз "дасткушодӣ"-и мо талаботи худро пеш гузошт. Маълумоте ки дорам, аз "боло" фармон ба Хадамоти гумрук ва дигар мақомот шудааст, ки ба барқароршавии равобити иқтисодиву тиҷоратии тарафайн бо Узбакистон сабукиҳо пеш оварда шавад. Лекин ин "боло"-и мо ҳатто тасаввур карда наметавонад, ки то чи андоза доираҳои узбакистонӣ (манзур сиёсатмадорон ва мансабдорон) амалисозандаи сиёсати истеъморкунанда нисбати Тоҷикистонанад. Бинобар ин ҷавоб барои Узбакистон - "НЕ!". Мо саросема нестем, вақте меояд, ки наслҳои дигар ин гиреҳҳоро мекушоянд. Лекин фирефтаи сиёсатбозиҳои имрӯзаи Узбакистон намешавем.
Мӯҳр
Точик
Ба хеч вачх обанборро додан набояд. Бигзор муносибатамон сард боки монад вале тамомияти арзи нигох дошта шавад. Аз хамин як кишвари кухистон хитои хам даъво дорад, киргизу узбак хам. Мо бояд даъво кунем, Самарканду Бухоро, Фаргонаю Урганч, Сурхондарёву вилояти Ош ва Марву Чорчуйро. Махалхое, ки пурра моли мо буд ва мардумаш хам точиканд.

Murodbek
Не не умаман гузашт кардан даркор нест, дипломатои точик кор кардан даркор! Аз хама рохи осон гузашт кард. Барои хамин хеч вакт мо бояд гузашт накунем!

Бе ягон вачх талабхои марзии Узбакистонро конеъ кардан лозим нест. Гуфтаст-гаштаст, номаъкул кардааст. Киммати обанбори "Фарход" зиёда аз 6 миллиард доллар аст!!! бо ин нарх мо 2 Рогун месозем!! ним метр аз огили говмон наметемша!!!

Карим
Як масъалаи хамсояи моро ба чунбиш овардааст ин фаъолшавии толибон дар кисмати шимолии Афгонистон мебошад. Нуфузи шахрвандони Узбекистон дар ин харакат хеле бисёр аст. Дар холати суст шудани иктидори Точикистон рохи рост барои воридшави ба Узбекистон ба онхо кушода мешавад. Аз ин лихоз дар шароити имруза манфиати худро Узбекистон дар мустахкамии Чумхурии Точикистон бояд бинад.

Саид
Мухтарам Сайфулло Сафаров ба ибораву чумлахои шумо хайрон шудам ва боварам намеояд, ки ин нафар хамин гуна малакаи забони дошта бошад. Бубинед: "...дар асосҳои ба ҳам фоиданок ё дар асосҳои ба ҳам мувофиқ..." ва аз хама чумлаи гайридипломатиро бубинед: "Дар ин масъала мавқеи шаҳрванди оддӣ, шахсе ки ба ин кор машғул нашудааст, аҳамият надорад". Мебахшед ин хама талошу манфиаткашихо манфиати махз хамон шахрванди одди аст, кистанд ононе ки шахрванди одди нестанд, шумо барин "хос" аз ин гуцна хос будан набуданам хубтар. Эээ вввоооооййй!!!

Акаи Хикматулох Сайфуллозода агенти узбакистонай чи? Якум борай Узбакистон мора фиреб мекна хози обамбора бтен бо як ними Сугд бе об мемона муносибат як сол ним сол гарм мешавад тамом бо кучоро метем барои муносибат? Давлатдоро хдшон медонан чи кор кунан факат шумо савет натен.Ягон вакт мо ба узбакистон як сантиметр замин бояд натем.

Акаи Хикматулох Сайфуллозада агенти Узбакистонай чи?

Бухорй
Додан ва гузашт кардан лозим в-агар на, аз вилояти сугд мемоенм.

ТОЧИК
Мо факат бо чанд шарт метавонем ин талаби Узбакистонро бароварда кунем Шарти аввал: номи Узбакистон аз ин давлат гирифта шуда бо кишвари Бухоро ё иваз карда шавад . Дуюм забони точикии форси хамчун забони расмии ин кишвар пазируфта шавад. Сеюм Тамоми мактабхои оли ва миёнаи ин кишвар ба хат ва забони форси табдил карда шуда забони узбаки хамчун дарси иловаги омузонда шавад (инро бояд машварат кард зарурат дорад ё не) албатта дар Тошканд ва водии Фаргона на дар дигар вилоятхо. Чахорум хар узбаке ки забони точикиро намедонад аз шахрвандди кишвари Бухоро махрум кунонида шавад ва чарима ва ба 1 сол условний зиндон. Ба чои 1 миллиону 165 хазор точик дар ин кишвар дар оморхои расми 17 миллиону 165 хазор нишон дода шавад ва тамоми мансабдорони узбак аз вазифа сабукдуш ва ба чои онхо точикони Самарканду Бухоро Сурхондарёву Кашкадарё Фаргона ва Сирдарё ба мансабхои гуногун таин карда шавад. Хамчунин тамоми муовинхои онхо аз точикони Кулобу Бадахшон Хучанду Хатлон ва Гарму Панчшер таин карда шаванд.Тамоми Бухороихо ва Самаркнадихе ки асрхои гузашта аз дасти бедоди узбак фирор кардан ва дар Афгонистону Арабистону Эрон ва кишвархои гарби зиндаги мекунанд ба ватан бозгардонида шуда албатта бо набераву аберахояшон бо кор таъмин ва вазифа дода шаванд.Самарканду Кулоб, Бухорову Хоруг ва Гарму Тирмиз бародаршахр эълон шуда автобус самолёт ва поезд байни ин шахрхо гузошта шуда тамоми шахрвандони Точикистон озодона хакки равуоро ба Аморати бухоро ва баракс шахрвандони точики аморат ба Точикистонро дошта бошанд. Баъди ин хама бояд фикр кунем ки оё ин минтакаро бояд бахшид ё на

Хатлони
Барои кадом хубиои Узбакистон мо бояд гузашт кунем.
Аз пайдоиши ин миллат ва давлат, давлати Точикон руз дидаги нест.
Умуман, Узбакистон худ заминхои ачдодиро САМАРКАНД ва БУХОРОРО бо мардумаш баргардонад.

Ду нафар дузд Харе дуздиданд, Сари таксим ба хам чангиданд. Он ду буданд чу гарми задухурд, Дузди сеюм Харашонро заду бурд. (Мавлоно)

кулябец
Ин бахси кухна ба манфияти халки одди нест. Обу хок ба чуз Аллох ба ягон миллат ва халк тааллук надорад. Хама метвонанд аз он истифода кунанд. Факат якдигарфахми ва бо хамсоя созиш кардан! Лекин хамсоя низ ба моли гайр чашм ало накунад!!

бояд ору тамиз ва ба ватану миллат сухт! наинки точикистон худ як порча хаст ва хаминро хам пора созед

точик
Бар ивази Самарканду Бухоро!Зинда бод якпорчагии Точикистон!

Мк
Бехтараш узбакистон ба мо замин ва мо ба онхо об.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Феврал 2025    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
2425262728 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)