Вазифаи нав – 10-уми Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон раҳбари Шӯрои миллии кор бо ҷавонони кишвар интихоб шудааст. Ин шӯро бо фармони Эмомалӣ Раҳмон 18 июли соли равон таъсис ёфта, аз 43 аъзо, бо шумули раис, муовини раис ва котиби масъул иборат аст.
Ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар, Эмомалӣ Раҳмон раис, Марҳабо Ҷабборӣ - муовини сарвазири Тоҷикистон муовини раис ва Аҳтам Абдуллозода - раиси Кумитаи ҷавонон котиби масъули Шӯрои миллии кор бо ҷавонон интихоб шудаанд.
Манбаъ мегӯяд, ба ҳайати ин шӯро роҳбарони воҳидҳои сохтории алоқаманди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар вилоятҳои Бадахшону Суғд, Хатлон, шаҳри Душанбею навоҳии тобеи марказ ва ташкилотҳои ҷамъиятии кор бо ҷавонон шомиланд.
Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамакнун раҳбари Шӯрои тозатаъсиси кор бо ҷавонон интихоб шудааст, мақоми дигари расмию уҳдадориҳои ҷамъиятӣ низ дорад. Ӯ ҳоло президенти ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ҳукумат, сарфармондеҳи неруҳои мусаллаҳ, раиси Кумитаи миллии олимпӣ, раиси Шӯрои амният, раиси Шӯрои ҷамъиятӣ, раиси Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ, роҳбари тоҷикони дунё, раҳбари ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |