“Ҳамла”-и афсарони пойгоҳи 201 ба хабарнигорони тоҷик
Бахши тоҷикии радиои “Озодӣ” аз ҳамлаи лафзии афсарони пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистон ба Абдуллои Ашӯр ва Амриддин Олимӣ, хабарнигорони ин радио иттилоъ додааст.
Манбаъ мегӯяд, хабарнигорони “Озодӣ”, ки дар мурофиаи ду сарбози руси муттаҳам ба қатли як шаҳрванди Тоҷикистон навор мегирифтаанд, аз ҷониби афсарони пойгоҳи 201 дар пахши ахбори бадномкунанда айбдор шуда, наворашонро мусодира кардаанд: “Сарҳанги пойгоҳи 201-и Русия Перепелится хабарнигорони Радиои Озодиро айбдор кард, ки дар бораи ин пойгоҳ дар Тоҷикистон ахбори беобрӯкунанда ба нашр мерасонанд ва бо мусодираи наворҳои видео гуфт, ин наворҳо пас аз тафтиш ва ризоияти Хадамоти федероли амнияти Русия ё ФСБ ба хабарнигорон баргардонида мешаванд”.
Бахши тоҷикии радиои “Озодӣ”, ки аз ҷониби Амрико сармоягузорӣ мешавад, афзуд навори мусодирашуда пас аз 1 соат ба хабарнигорон баргардонида шуд.
Ин дар ҳолест, ки имрӯз, 7 август дар қароргоҳи пойгоҳи низомии Русия дар шаҳри Душанбе мурофиаи додгоҳии Илдар Сахапов ва Фёдор Басимов, сарбозони пойгоҳи 201-уми Русия ба иттилои тафтишот дар куштори Раҳимҷон Тешабоев, таксирони тоҷик даст доранд баргузор гардидааст. Тафтишот гуфтааст, дар ин ҷиноят асосан Илдар Сахапов гунаҳкор будааст ва худи Илдар Сахапов низ дар мурофиа ба гуноҳаш иқрор шудааст.
Ба иттилои тафтишот Фёдор аз Раҳимҷон Тешабоев, таксирони тоҷик ҳудуди 50 ҳазор рубл қарздор будааст ва ӯ дар маслиҳат бо Илдар бо баҳонаи моҳигирӣ Тешабоевро ба ҷамоати Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ бурда, ба қатл мерасонанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |