Дар Душанбе китоби нави Шокирҷон Ҳакимов мунташир гардид
“Асосҳои таърихию фарҳангӣ ва вижагиҳои ташаккули конститутсионализм дар Тоҷикистон”. Бо ҳамин унвон ахиран китоби нави Шокирҷон Ҳакимов, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ ба чоп расид.
Доктори тоҷик дар рисолаи худ дар асоси истифодаи тарз ва усулҳои таърихию назариявӣ ва ҳуқуқи муқоисавӣ конститутсионализмро аз нуқтаи назари вижагиҳои фархангию таърихӣ, инчунин қонуниятҳои инкишофи конститутсионализмро таҳқиқ намуда, онро на танҳо бо дар назардошти шароити Тоҷикистон дар марҳалаҳои гуногуни иҷтимоию сиёсии таърихӣ, балки бар асоси таҷрибаҳои пазируфташуда дар заминаи фарҳанги ҳуқуқӣ ва сиёсии аврупоӣ низ баррасӣ намудааст.
Китоб барои ҳукқуқшиносон, сиёсатшиносон, донишҷӯён муҳаққиқон ва сиёсатмадорону устодони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва доираи васеи хонандагон пешбинӣ ва тавсия шудааст.
Шокирҷон Ҳакимов муаллифи бештар аз 108 асари илмӣ, бо шумули монография, китоби дарсӣ, васоити таълим ва мақола мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |